Дар Душанбе таҳти унвони «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират» ҳамоиш баргузор гардид

Июль 31, 2019 15:03

ДУШАНБЕ, 31.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотии мамлакат ширкат намуданд. Зимни ҳамоиш зикр шуд, ки солҳои охир дар самти қонунгузории муҳоҷират корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

Муовини Директори  Маркази миллии қонунгузорӣ  Фарҳод Абдураҳмон иброз дошт, ки ҷараёни муҳоҷират хоси аксари давлатҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Бо мурури замон ва рушди ҳаёти ҷамъиятӣ дар соҳаи мазкур муносибатҳои нав ба вуҷуд омаданд, ки танзими ҳуқуқӣ талаб менамоянд. Дар раванди инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи мазкур зарурати таҳлили қонунгузорӣ дар шароити муосир ба вуҷуд меояд.

Ҳамзамон дар ҳамоиш бо мақсади баррасии масъалаҳои мухталифи муҳоҷират олимону муттахассисони соҳа вобаста ба паҳлӯҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷират ибрози ақида намуданд.

Мавзӯъҳое, ки дар ҷамъомад мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, вазъи муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирати байналмилалӣ дар ҷаҳон, роҳҳои ҳалли мушкилоти он, назорати прокурорӣ ва вазъи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин дигар мавзӯъҳои муҳоҷират ва сабабу омилҳои ин равандро фарогир буданд.

Дар интиҳои ҳамоиш вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида аз ҷониби ширкаткунандагон пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.

Июль 31, 2019 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд