Дар Тоҷикистон Анҷумани V маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад

Июль 24, 2019 14:05

ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 15 августи соли равон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Анҷумани V маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад.  Дар кори   Анҷуман  роҳбарони намояндагии маҳфил дар давлатҳои хориҷ, аъзои он  ва дигар масъулини соҳа иштирок менамоянд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари маҳфили «Ҷавонони  дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» Каримҷон Салимзода  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳоло  шумораи аъзои маҳфил ба беш аз 30 ҳазор нафар расида,  бо мақсади натиҷагирии фаъолияти кори он ҳамасола  дар ҷумҳурӣ анҷумани маҳфил баргузор мегардад.  Имсол  дар кори анҷуман намояндагони 16 давлати дунё иштирок намуда, фаъолияти солонаи маҳфилро баррасӣ менамоянд. Ҳамзамон дар доираи баргузории он  ташкили  як силсила чорабиниҳо, аз ҷумла конфронс, мизи мудаввар, тренинг ва машғулиятҳои омӯзишӣ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили  «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади дӯсту муттаҳидгардонии ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ва баррасии мушкилоти онҳо  таъсис ёфтааст.  То   имрӯз намояндагии маҳфил дар 16 давлат фаъолияти худро ба роҳ монда,   он дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат  барои баррасии мушкилоти илмомӯзии донишҷӯёни тоҷик ва дигар масъалаҳои ба ҳаёти онҳо марбут мусоидат менамояд.

Анҷумани V маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» 12 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар шаҳру навоҳии мамлакат то 15 август идома меёбад. Дар доираи баргузории он иштирокчиён метавонанд аз ноҳияи Айнӣ, шаҳри  Панҷакент, Истаравшан ва Гулистони вилояти Суғд дидан намоянд.

Июль 24, 2019 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид