«ДЕҲА БА ДЕҲА». Мусобиқаҳои деҳа ба деҳа идома доранд

Июль 24, 2019 08:28

ДУШАНБЕ, 24.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сиёсати  иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти  оммавигардонӣ ва рушди варзиш, талқини тарзи ҳаёти солим дар кишвар шуруъ аз 27 июни соли ҷорӣ Мусобиқаҳои фарогири варзишӣ таҳти номи «Деҳа ба деҳа» роҳандозӣ шудаанд,  хабар доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

 Мусобиқаҳои мазкур, ки  аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот, футбол ва волейбол дар 68 шаҳру ноҳияҳои кишвар  баргузор мегарданд,   аз се марҳила иборат мебошанд. Марҳилаи аввали мусобиқаҳои мазкур дар сатҳи маҳаллӣ – деҳа ба деҳа, марҳилаи дуюм дар сатҳи шаҳр ва ноҳия  доир мегарданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод, Темурмалик, Восеъ, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритуз, Вахш, Роштқалъа, Шуғнон, Ашт, Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Бӯстон, Шаҳристон, Деваштич, Ваҳдат, Рашт ва Рӯдакӣ мусобиқаҳо аз рӯи намуди волейбол  идома дошта, дар онҳо  ҷавонон ва варзишгарони деҳот фаъолона иштирок  менамоянд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Фархор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Кӯлоб, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Лахш, Нуробод, Турсунзода, Ҳисор, Файзобод, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Зафаробод ва Спитамен мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футбол байни деҳаҳо  дар авҷанд.

Мусобиқаҳои «Деҳа ба деҳа» дар шаҳру ноҳияҳои Мурғоб, Норак, Н.Хусрав, Дӯстӣ, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Роғун, Сангвор ва Тоҷикобод аз рӯи намуди шашка ва шоҳмот  варзишгарони маҳаллиро ҷалб намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки мусобиқаҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва таъмини солимии миллат мусоидат намуда,  барои дарёфти ва тарбияи  беҳтарин чеҳраҳои варзишии кишвар замина хоҳанд гузошт.

Июль 24, 2019 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад