Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба Намоиши санъати портрет миёни давлатҳои СҲШ омодагӣ мебинад

Июль 24, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 24.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Айни замон Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои иштирок дар Намоиши санъати портрет, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин миёни давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории ШанхайҲШ — ШОС) баргузор мегардад, омодагӣ мебинад. Ин матлабро Ректори донишкадаи мазкур Ҷамшед Ғанизода имрӯз, 24 июл зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Ба зикри мавсуф, баргузории намоиши мазкур моҳи декабри соли равон дар назар дошта шуда, дар он корҳои эҷодии 15 нафар омӯзгорони донишкада ба намоиш гузошта мешаванд.

Гуфта шуд, ки омӯзгорони эҷодкори донишкада дар намоишҳои сатҳи дохилидонишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ асарҳои худро ба тамошо гузоштаанд. Ҳамзамон корҳои эҷодии онҳо дар доираи намоиши таблиғотӣ ба сифати нигораҳо пешниҳод гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон давоми шаш соли фаъолияти худ ҳамчун мактаби олии касбӣ ташаккул ёфта, аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн бакалавр ва магистрҳо тайёр мекунад.

Ёдовар мешавем, ки сохтори таълимии донишкадаро 3 факултет, 7 кафедра, шуъбаи тайёрӣ, Маркази бачагонаи рассомӣ, устохонаҳои тахассусӣ ва дигар шуъбаҳо ташкил медиҳанд.

Июль 24, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад