ФУТБОЛ: бозиҳои даври 9-уми Лигаи якуми Тоҷикистон ба анҷом расиданд

Июль 2, 2019 10:40

ДУШАНБЕ 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Локомотив-Помир»-и Душанбе дар даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои   Лигаи якум бар дастаи «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо ҳисоби калони 4:0 дастболо шуд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, нимаи аввали вохӯрӣ бидуни гол ба поён расид. Дар қисми дуюм шогирдони  Зайниддин Раҳимов 4 тӯб ба дарвозаи меҳмонон ворид карданд. Рустам Соиров- ҳамлагари дастаи мизбонон се дафъа дарвозаи Миралӣ Муродовро рахна кард. Як тӯби дигарро  Озодбек Панҷиев ба ҳадаф расонид.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Локомотив – Помир»-и  Душанбе баъди  ин ғалаба ба зинаи чаҳоруми ҷадвал баромад. Дастаи  «Ваҳдат»-и Ваҳдат дар ҷойи   шашум қарор гирифт.

Натиҷаи бозиҳои даври 9-уми Лигаи якуми Тоҷикистон

«Локомотив-Помир» – «Ваҳдат» – 4:0

«Зарафшон» – «Равшан» – 2:2

«Дӯстӣ» – «Саройкамар» – 0:1

«Эсхата» – «Парвоз» – 3:2

«Исфара» – «Файзканд» – 1:2

«Ҳулбук» – «Душанбе-83» – 0:3

«Шоҳмансур» – «Барқчӣ» – 1:0

Июль 2, 2019 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад