«ГАР ШИНОВАР НЕСТӢ…». Дар Тоҷикистон тӯли шаш моҳи имсол бо сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 64 нафар ба ҳалокат расидаанд

Июль 10, 2019 08:36

ДУШАНБЕ, 10.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар  Тоҷикистон  дар тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ  бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 64 нафар ба ҳалокат расидаанд.   Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

  Гуфта мешавад, ки ин шумора то 9 июли соли 2019 ба қайд гирифта шуда, аз он  28 нафар то 16-сола ва боқимонда аз 17-сола боло мебошанд.

«Аз ин хотир, ба сокинон ва меҳмонони мамлакат тавсия дода мешавад, ки  қоидаҳои шиновариро ҷиддан риоя намоянд», — омадааст дар иттилояи Кумита. Тавре шоир гуфтааст:

Гар шиновар нестӣ,  пой бар лаби дарё манеҳ,
Дар миёнаш ғарқ монӣ,  аз канор андеша кун!..

 Мавриди зикр аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳои нохуш кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  якҷо бо дигар сохторҳои дахлдори мамлакат мунтазам миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд.

«Оббозӣ дар ҷойҳои барои шиноварӣ номусоид, надонистани шиноварӣ ва бетаваҷҷуҳии волидон аз сабабҳои аслии ғарқшавии кӯдакон дар дарёҳо ҳисобида мешавад. Аслан оббозӣ дар ин дарёҳо хатарнок буда, шиноварӣ дар онҳо тавсия дода намешавад. Танҳо маконҳои муайяне ҳастанд, ки он ҷо оббозӣ кардан мумкин аст. Лекин баъзе аз сокинон ҳушдору огоҳиҳои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро нодида мегиранд, ки боиси ғарқшавии онҳо мегардад»,-бо ташвиш изҳор  дошт манбаъ.

 

Июль 10, 2019 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд