ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КООПЕРАТСИЯ. Соли равон ба таъсиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 97 сол пур мешавад

Июль 6, 2019 10:10

ДУШАНБЕ, 06.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1992 мутобиқ ба  резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ ва муқаррароти  Иттиҳоди байналмилалии кооперативӣ ҳар сол дар тамоми ҷаҳон шанбеи аввали моҳи июл Рўзи байналмилалии  кооператсия таҷлил мегардад. Иди касбии кооператорон имсол ба 6 июл рост омад.

Кооператсия чист ва он дар Тоҷикистон кай пайдо шудааст? Ин соҳа дар рушди иқтисодию иҷтимоии  мамлакат чӣ нақш дорад? Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо такя ба иттилои масъулини Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар ин бора маълумотномаеро таҳия намудааст, ки пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ҳаракати кооперативӣ ва кооперативҳо дар ҷаҳон  180 сол пеш оғоз гардид. Аввалин кооператив бо номи «Ҷамъияти пионерони Ройҷдейл» дар Англия таъсис ёфта буд. Дар нимаи дуюми асри Х1Х ҳаракати кооперативӣ хусусияти байналмилалӣ гирифт.

Имсол кормандони кооператсияи матлуботи  Тоҷикистон 97-солагии  таъсиси   ин ниҳодро ҷашн мегиранд. Кооператсияи матлубот дар Тоҷикистон  таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳанӯз  соли 1924 маркази ҷумҳуриявии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар ҳайати он 5 кооператив ва 14 дӯкон фаъолият дошт. Аъзои он 1173 нафарро ташкил медод.

Соли 1929 баробари таъсиси Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳаёти кооперативии ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Дар ҷаласаи Шӯрои комиссарони халқи РСС Тоҷикистон 18 июли соли 1929 қарори махсус «Оид ба ташкили Иттифоқи ҷамъиятҳои истеъмолгарони Тоҷикистон «Матлуботи тоҷик» қабул карда шуд, ки оғози фаъолияти онро 1 октябри соли 1929 эълон намуд. Вакилон дар Анҷумани 1 – уми кооператсия, 29 октябри соли 1929 дар бораи Иттифоқи истеъмолгарони мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуданд.

Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» узви фаъоли Лигаи байналмилалии ташкилотҳои кооператсияи матлуботи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аъзои Алянси байналмилалии кооперативӣ буда, дар  рушди иқтисодиёти  мамлакат саҳми назаррас  дорад.

Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ё худ кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ тўли зиёда аз як асри мавҷудият ба пешравию мустаҳкамшавии иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуд. «Тоҷикматлубот» дар сохтори худ шабакаҳои васеи савдо, хӯроки умумӣ, маҳсулоттайёркунӣ, харид ва захира кардани маҳсулот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, занбўри асалпарварӣ, истеҳсоли молу мавод, сохтмон, хоҷагиҳои ёрирасон, бозорҳо ва  савдои хориҷиро фаро гирифтааст.

Соҳаи асосии кооператсияи матлубот савдост. Ташкилотҳои соҳа тавассути савдои деҳот сокинони шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳуриро бо молу маводи мавриди ниёз таъмин менамоянд. Фаъолияти савдои кооператсияи матлубот тавассути хизматрасонии 918 мағоза ва нуқтаҳои  савдои сайёр ба роҳ монда шудааст, ки дар онҳо номгӯи васеи молу маҳсулоти мавриди ниёз, аз қабили хӯрокӣ, анвои молҳои саноатӣ, асбобҳои рӯзгор, масолеҳи хоҷагиву сохтмон ва ғайра пешкаши аҳолӣ мегардад. Ҳамзамон теъдоди мағозаҳои замонавӣ бо хизматрасонии хуби савдо дар деҳот афзоиш меёбад. Дар ноҳияҳои дурдасти аҳолинишин мағозаҳо асосан бо маҳсулоти мавриди ниёзи ҳаррӯзаи мардум таъмин карда мешаванд, ки ҳадаф таъминоти аҳолии маҳал бо молу маводи рӯзмараашон мебошад.

Дар соҳа дар ҳудуди ноҳияҳои сарҳадии ҷумҳурӣ савдои наздисарҳадӣ тавассути бозорҳои наздисарҳадӣ ба роҳ монда шудааст, ки теъдоди онҳо ба 6 адад расида, масоҳати умумиашон наздик ба 3 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Чунин нуқтаҳо дар сарҳадҳои байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои  Қирғизистон ва  Ӯзбекистон таъсис ёфтаанд.

Баҳри рушди муносибатҳои тиҷоратӣ Корхонаи тиҷорати хориҷии «Коопвнешторг»-и Иттифоқи «Тоҷикматлубот» фаъолият мекунад. Мақсад аз ташкили корхонаи мазкур пайдо намудани шарикони ҳамкори боваринок, содирот ва воридоти молу маҳсулот мебошад.

Номгӯи молу маҳсулоти воридотиро маҳсулоти хӯрокӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ, маҳсулоти қаннодӣ, ярма ва ғайра, инчунин молҳои саноатӣ ташкил менамоянд. Молу маҳсулоти содиротӣ аз ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла полезиҳо, мевагиҳо, асал, пашму пӯст ва ғайра иборат мебошанд.

Сифати маҳсулоти содиротии онро  истеъмолкунандагону муштариён аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон, Покистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин хуб баҳо додаанд.

Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар асоси қонунгузории кооператсияи матлубот амал мекунад. Баҳри равнақи соҳа  13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ба қонуни мазкур солҳои 1995, 2005 ва 2008 тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Рушди кооператсияи матлубот дар замони нав маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардид.

Асоси кооператсияи матлуботро 45 адад ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру ноҳиявӣ, ки дар Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва 3 адад иттифокҳои ҷамъиятҳои матлуботи вилоятӣ – вилоятҳои Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Суғд ва Хатлон бо ҳам муттаҳид шудаанд, ташкил менамоянд.

Дар тобеияти иттифоқу ҷамъиятҳои матлубот инчунин 20 адад муассисаву корхонаҳо фаъолият менамоянд.

Дар муассисаҳои таълимии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» – Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои он дар шаҳри Хуҷанд ва Литсейи назди Донишгоҳ ҳазорон нафар донишҷўён ва хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ  мутахассисони ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ ҷавобгў тайёр  мешаванд.

Аз ҷониби ин сохтор сохтмон, навсозӣ, таъмиру тармим ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳдории иншоот мунтазам амалӣ карда шуда, корхонаву муассисаҳои соҳа бо техникаю таҷҳизоти замонавӣ таъмин ва пойгоҳи моддию техникии кооператсияи матлубот рўз то рўз мустаҳкам мегардад.

Дар корҳои сохтмонӣ, навсозӣ ва таъмиру тармими бинову иншооти кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ танҳо дар нимсолаи аввали соли равон дар  маҷмўъ 3 миллиону  773 ҳазор сомонӣ хароҷот гардид.

Сохтмони бинову иншооте, ки мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019 ба муносибати ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода доданашон аз тарафи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» пешбинӣ шудааст,  амалӣ гардида истодаанд.

Фонди оинномавии кооператсияи матлуботи мамлакат 17 миллиону  626 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Фонди саҳмдорон (аъзои ҷамъияти матлубот) ба қадри 1 миллиону 130 ҳазор сомонӣ ҳисобӣ дорад.

Иттифоқи «Тоҷикматлубот» қариб дар тамоми барномаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  иштирок намуда, дар  сатҳи баланд хизмат расонида, дастовардҳои давраи Истиқлолиятро муаррифӣ менамояд.


Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2019 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон ва Малайзия таъсиси платформаҳои муштаракро барои содирот ва воридот баррасӣ намуданд
Нишасти маҷозии Гурӯҳи кории иқтисодии C5+1 баргузор гардид
Ширкати Чин дар вилояти Хатлон аз партовҳои сахти коммуналӣ барқ истеҳсол менамояд