Иззатулло Сатторӣ: «Тоҷикистон ба 25 мамлакати ҷаҳон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд»

Июль 15, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 15.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 25 мамлакати ҷаҳон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд. Ин нуктаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ имрӯз, 15 июл зимни нишастии матбуотӣ  дар шаҳри Душабе баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, зикр гардид, ки Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия миёни ин мамлакатҳо  мавқеи намоён доранд.

Зимнан, Федератсияи Россия яке аз мамлакатҳое мебошад, ки барои воридоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла меваи тару хушки он  диққати махсус зоҳир менамояд.

«Имрӯз муҳимтарин шарики стратегии мо – Федератсияи Россия ба афзун гардидани воридоти меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон  манфиатдор аст ва ин ба манфиати мо низ ҳаст», — гуфта буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон охирҳои моҳи феврали соли 2016.

Бояд гуфт, ки ба масъалаи содироти мол, аз ҷумла меваи хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон на танҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, балки мамлакатҳои қабулкунанда низ таваҷҷуҳ доранд.

Мисоли ин гуфта он аст, ки охири моҳи октябри соли 2018 Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР Валентина Матвиенко оид ба ин масъала ибрози назар намуд. Он замон ТАСС гуфтаҳои Валентина Матвиенкоро  чунин нашр намуда буд: «Россия ният дорад бо Тоҷикистон масоили ба тариқи сода дастрас намудани маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро, ки бо меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи худ шӯҳрат дорад, баррасӣ намояд».

Ӯ инчунин гуфта буд: «Тоҷикистон бо меваю сабзавоти олисифати хуштамъ, фоидаовар ва муҳимтар аз ҳама, аз лиҳози экологӣ тоза шӯҳрат дорад…».

Моҳи майи соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушев низ оид ба ҳамкорӣ дар самти боғдорӣ, ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ, афзоиши иқтидори содиротию воридотии кишварҳо, содироти меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия табодули андеша карданд.

Ҷонибҳо аз ҷумла иброз доштанд, ки айни ҳол иқтидори содиротии мева, ангур, сабзавот ва асали Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна дар як сол буда, имконияти ҳар ду ҷониб барои афзун кардани ин нишондод мавҷуд аст.

Бояд гуфт, ки  дар мулоқот инчунин   масъалаи  имконияти сохтмони маркази тақсимоти  яклухт  аз ҳисоби сармоягузориҳои Россия дар қаламрави Тоҷикистон матраҳ гардида буд.

Метавон гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати соҳаи аграрӣ, яъне амалисозии барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла, Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҳар сол садҳо гектар боғ бунёд карда мешаванд. Ин низ ба бештар намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла зиёд шудани истеҳсол ва содироти меваю сабзавоти тару тоза мусоидат карда, аз ҷониби дигар метавонад мамлакатҳои қабулкунандаи онро бештар намояд.

Тавре Иззатулло Сатторӣ  илова намуд: «Тоҷикистон ҳамасола масъалаи содирот ва географияи мамлакатҳои  қабулкунандаи маҳсулоти кишоварзиро бештар намуда истодааст».

Зикр гардид, ки то имрӯз зиёда аз 72,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда шуда, ин нишондиҳанда то охири сол бештар мегардад.

Вазир иттилоъ дод, ки шароити нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ беҳтар гардида, анбор ва сардхонаи замонавӣ сохта шуда истодаанд.   Масоҳати умумии ин иншоот имрӯз барои нигоҳдории 289 ҳазор тонна расонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат асосан меваи тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар, аз қабили себ, ангур, зардолуи тару хушк, анор, гелос, инчунин сабзавоти полезӣ содирот менамояд.

Июль 15, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ идома дорад»
Байни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Ленингради Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Раҳмон Исломиддин дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Дар Турсунзода Фестивали саводнокии молиявӣ баргузор шуд
Татбиқи тарҳи «CASA-1000» намунаи ҳамкории энергетики минтақавӣ мебошад
Ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон баргузор гардид
Байни «Амонатбонк» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ академияи бонкӣ таъсис дода мешавад
Харитаи роҳи Ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман оғоз гардид
«Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе аввалин парвози ҳавоиро анҷом дод
Масъалаҳои муҳими марбут ба пешгирии хавфҳои ҷойдошта дар ҷаласаи Шурои комплаенс баррасӣ гардиданд
Дар шаҳри Истаравшан 20 навъи ангур парвариш меёбад