МОРО БИШНАВЕД! Дастовард ва мушкилоти соҳаи дорусозии мамлакат дар барномаи «Бозтоб»-и Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 03.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла соҳаи фармасевтикаро яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати худ қарор додааст. Барои расидан ба ин ҳадафҳо дар мамлакат ҳамаи тадбирҳои зарурӣ мунтазам амалӣ карда мешаванд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ оид ба фармасевтика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин рушди истеҳсоли дохилии маводи доруворӣ мебошад. Дар ин самт суоле ба миён меояд, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд корхонаи истеҳсолкунандаи маводи доруворӣ фаъолият доранд? Чанд номгӯй доруворӣ истеҳсол карда мешавад? Чаро мардум ба доруҳои хориҷӣ бештар эътимод доранд? Сабаб чист? Соҳаи дорусозӣ дар ҷумҳурӣ чӣ дастоварду чӣ мушкилот дорад?
Баррасии ҳама паҳлӯҳои ин мавзӯъ дар барномаи навбатии «Бозтоб» имрӯз, соати 09:30, (такроран) 17:30 ва 21:30 аз радиои «Ховар». Муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави Наврӯз.
«Бозтоб»-ро пайгирӣ намоед!








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






