Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ гардид

Июль 24, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари ҷавону умедбахш, узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба таэквондои ҷаҳонӣ миёни ҷавонон Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора  раиси Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ба шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ,Чемпионати Осиё оид ба таэквондои ҷаҳонӣ (WTF) миёни ҷавонон 21-22 июл дар пойтахти Урдун – шаҳри Уммон баргузор шуд. Дар чемпионат 331 нафар варзишгар аз 31 давлат иштирок карда, дар 20 категорияи вазнӣ (10 вазн миёни мардон, 10 вазн миёни бонувон) рақобат намуданд. Муҳаммадҳасан дар вазни -73 кг бар варзишгарони Кувайт (Абдулмуҳсин Алалӣ) ва Афғонистон (Рашид Сарварӣ) ғалаба кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Эрон Амирҳусейн Баҳрободӣ, ки ғолиби ин вазн шуд, шикаст хӯрда, ҷои сеюмро ишғол намуд. Медали нуқраи вазни -73кг-ро Си-Вон Лӣ аз Корея ва медали дигари биринҷиро варзишгари қазоқистонӣ Абдураҳмон Марипов ба даст оварданд.

Ба иттилои раиси Федератсияи таэквондои Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, ин аввалин медали варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон мебошад.  Ду варзишгари дигари мо – Лутфулло Алишон (-68кг) ва Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-55кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.

Бояд гуфт, ки варзишгарон аз ҳисоби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба Урдун сафарбар гардиданд. Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов, ки чанде пеш дар Корея дар Мусобиқаи байналмилалии таэквондо  «Chuncheon Korea Open G-2» медали тилло ба даст оварда буд, шогирди Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквондо буда, таҳти роҳбарии мураббиён Исломиддин Фозилов ва Сафарбек Тошматов тамрин мекунад.

Дар мусобиқа варзишгарони Эрон бо ба даст овардани 10 медали тилло, 6 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол намуданд. Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 3 медали тилло, 4 нуқра, 7 биринҷӣ дар ҷои дуюм, дастаи мунтахаби Чин бо гирифтани  3 медали тилло, 1 нуқра ва  2 биринҷӣ дар ҷои сеюм мавқеъ ёфтанд.

Дар маҷмӯъ, варзишгарони 16 давлат медалҳои чемпионатро ба даст оварданд.

 

Июль 24, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд