МУДОХИЛА БА ҲАЁТИ ШАХСӢ. Блогерҳои тоҷик барои видеои «паст задани шаъну шарафи зан» боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 26.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чор блогери тоҷик барои видеои «Рейди фоҳишаҳо дар роҳ», ки дар YouTube ҷой дода шуда буд, боздошт шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Ин видео дар байни корбарони Интернет вокуниш ва сару садои гуногун ба бор овард ва заноне, ки дар ин видео сабт шуда буданд, барои ҳимояи ҳуқуқҳои қонунии худ ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуданд.
Муаллифони ин навор меъёрҳои ахлоқиро риоя накарда, дар баробари ошкор намудани шахсияти онҳо, ҳамзамон шаъну шарафи занону духтаронро бо ин роҳ паст задаанд, ки боиси муроҷиати занон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо дархости андешидани тадбирҳои қонунӣ нисбат ба ин блогерҳо гардид.
Ба гуфтаи милитсия, дар баробари ду блогер, инчунин ду танзимгари видео низ боздошт шуданд.
Блогерҳо Беҳрӯз Шарифии 27-сола ва Рустам Ашурови 30-сола, инчунин Шаҳриёр Ҷалилов ва Юсуфҷони Давлатмурод барои танзим ва паҳн намудани барномаҳои видеоӣ боздошт шуданд,-зикр менамояд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба боздоштшудагон тибқи муқаррароти моддаи 144 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳайёти шахсӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин модда чӣ гуфта шудааст?
Дар моддаи 144 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи муқаррароти он нисбат ба блогерҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, чунин омадааст:
«1) Ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот бидуни иҷозати ў оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад, ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад, –
бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш анҷом дода шудааст, –
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад».
Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе зикр менамояд, ки «ин нафарон дар барномаи мазкур ба таври ғайриқонунӣ ба ҷамъоварӣ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ машғул гардидаанд, ки дар натиҷа сирри шахсӣ ва ё оилавии занону духтарон ошкор ва аз ҷониби таҳиякунандагон бо мақсади ба даст овардани маблағ тавассути Интернет дастраси омма гардидааст. Илова бар ин, дар навори мазкур хусусияти тарғиботии фоҳишагӣ ва тарзу усулҳои хизматрасонии кирдорҳои ғайриахлоқӣ ҷойгир карда шуда, дар он алфози қабеҳ, дашному ҳақорат, ки ба зеҳни истифодабарандагону тамошобинон таъсири манфӣ мерасонанд, истифода ва нашр гардидааст».
Таъкид мешавад, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста барои пешгирии танфурӯшӣ санҷишҳо мегузаронанд, аммо «тибқи қонунҳои мавҷуда, аксҳо ва видеоҳо нашр карда намешаванд».
Дар видеое, ки дар Yotube нашр шуда буд ва аллакай нест карда шудааст, блогерҳо бо мошин ба кӯчаҳои Душанбе баромада, занони бероҳаро савор ва бо онҳо нархгузорӣ мекарданд. Дар ҷараёни суҳбат блогерон бо фоҳишаҳо намуд ва макони хизматрасониро муҳокима мекунанд. Инчунин блогерҳо ба зиндагӣ, ҳаҷми даромад ва сабабҳое, ки занонро ба танфурӯшӣ водор мекунанд, таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар видео чеҳраи занон бо смайликҳо пинҳон карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 19) ба ҳар шаҳрванд ҳифзи судиро кафолат медиҳад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
Моддаи 23 Конститутсияи ҶТ муқаррар намудааст: «Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ў ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст».








Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид






