Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Вена бо Дабири кулли САҲА мулоқот намуд

Июль 25, 2019 10:19

ДУШАНБЕ, 25.07.2019./АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар Вена Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ ҶТ.

Дабири кулли САҲА ҳайати Тоҷикистонро барои бомуваффақият ба анҷом расонидани раёсати кишвар дар Форуми ҳамкории амниятӣ (FSC) табрик намуда, саҳми Тоҷикистонро дар ғанӣ гардонидан ва пеш бурдани рӯзномаи пурмуҳтавои Форум сутуд.

Муовини вазир аз ҷонибдории Котиботи САҲА аз Тоҷикистон зимни раёсаташ дар FSC миннатдорӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки иқдомҳои ҷониби мо зимни раёсати кишвар барои эҷоди фазои эътимод ва таҳкими сулҳу амният дар паҳнои САҲА саҳми арзанда гузорад.

Дар  ҷараёни мулоқот ҷонибҳо инчунин доир ба масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар ҳошияи се ченаки Созмон, фаъолияти лоиҳавии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, баргузории даври навбатии ҷаласаи Платформаи шарокат ва дигар масоили мавриди эҳтимоми маштарак мубодилаи афкор намуданд.

24 июл дар Вена Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ҳамчунин бо Муовини вазири федералии Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Австрия Ҳелмут Тихи мулоқот  кард.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрия, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯ намуда, рағбати худро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона баён карданд. Ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ  ва тақвияти абзорҳои иртиботии ду кишвар дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.

 

Июль 25, 2019 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд