Мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар маркази ноҳияи Тоҷикободро кӣ ҳал мекунад?
ТОҶИКОБОД, 16.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби маркази ноҳияи Тоҷикобод солҳои тӯлонист, ки аз нарасидани оби нӯшокӣ, махсусан дар фасли зимистон азоб мекашанд. Онҳо барои гирифтани оби тозаи нӯшокӣ соатҳо интизор мемонанд. Хатҳои оби нӯшокии Кӯҳдоман бо масофаи 8 км ва Себистон бо масофаи 12 км даҳсолаҳо мешавад, ки қисман оби нӯшокии маркази ноҳияро таъмин менамоянд. Имрӯзҳо аз сабаби кӯҳнаю фарсуда шудани лӯлаҳои ин хатҳои оби нӯшокӣ талаботи шаҳрвандон бо об пурра қонеъ намегардад.
Мутаассифона, дар буҷаи Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва таъмиру тармими хатҳои обӣ нӯшокӣ маблағ пешбинӣ нагардидааст, аз ин рӯ маъмурияти ҷамоат имконияти бартараф кардани чунин норасоиҳоро надорад. Новобаста ба ин ҳолат онҳо бо роҳи ҳашар дар ҳамкорӣ бо кормандони Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия мунтазам лӯлаҳои фарсудаи ин хатҳои обро таъмири ҷорӣ менамоянд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод мегӯянд, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин намудани сокинони ноҳия бо оби нӯшокӣ, ки соли 2016 зимни сафари кориашон ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, Рашт ва деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ дода буданд, лоиҳаи хати оби нӯшокиро аз мавзеи Валвала бо масофаи 20 км омода намудаанд, вале аз сабаби пайдо нагардидани сарчашмаҳои маблағгузорӣ то имрӯз ин лоиҳа амалӣ нашудааст.
Ин аст, ки мушкилоти оби нӯшокии маркази ноҳия, махсусан дар фасли зимистон ташвишовар боқӣ мемонад. Маркази ноҳияи Тоҷикобод 2440 нафар аҳолӣ ва 32 ташкилоту муассиса дорад, ки ҳамагӣ ба мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ гирифторанд.








ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






