«Оила бидуни зӯроварӣ»-таҳти чунин унвон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиш доир гардид

Июль 25, 2019 13:35

ДУШАНБЕ, 25.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон шумораи оилаҳои пошхӯрда дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 207 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 адад зиёд буда, боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад.  Ин нуктаро раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муҳаммадраҳим Юсуфӣ имрӯз зимни баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Оила бидуни зӯроварӣ» баён дошт.

Мавсуф иброз намуд, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунанд.

«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо чун  узви асосии ҷомеа муайян намуда, дар баробари он дар мамлакат даҳҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба оила амал мекунанд, ки ба рушд ва таҳкими он, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳифз намудани  ҳуқуқҳои аъзои оила равона гардидаанд»,- афзуд Муҳаммадраҳим Юсуфӣ.

Зикр гардид, ки оила дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шуда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар он ташаккул меёбанд.

Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории конференсия  баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, устувор гардонидани мавқеи оила дар ҷомеа, тақвият бахшидани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муносибати хуби дуҷониба дар хонавода ва эҳтироми волидайн аз ҷониби навхонадорон мебошад.

Дар ҳамоиш сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавон- ин пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ, паст будани  маърифати ҳуқуқӣ,  надоштани маълумоти касбӣ, вазъи иқтисодӣ ва надоштани одоби муошират арзёбӣ гардид.

Директори Ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон» Азимҷон Сайфиддинов изҳор дошт, ки  харҷҳои беҳуда  метавонанд сабаби  пайдо гардидани  нофаҳмиҳо байни ду оилаи хешшаванда ва ҳатто  сабаби хонавайронии  фарзандони онҳо  гарданд. Чуноне бармеояд, дар аксар ҳолатҳо  хариди таҷҳизоти гуногун аз ҷониби падару модари арӯс сабаби он мегардад, ки марди хонадон то андозае дар таъмини фазои иқтисодии оилавӣ камтаваҷҷуҳ гардида, ҳатто нисбат ба ҳамсари хеш беҳурматӣ зоҳир менамояд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳамаи инро ба инобат гирифта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки хеле муҳиму саривақтист.

Тавре ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Дилшод Муллоев баён дошт, «мо имрӯз дар замони ҷаҳонишавии фарҳангҳо қарор дорем ва набояд ба расму оинҳои ба миллати мо бегона пайравӣ намоем. Пеш аз ҳама, бояд бо фарҳангу одоби муоширати тоҷикона рафтор намоем. Инчунин аз урфу одатҳо, расму ойинҳои костаю шахшуда ва кӯҳнашудаи гузашта, аз ҷумла дар самти  оиладорӣ даст кашем. Оилаи обутобёфтаи солим, намунавӣ, орӣ аз ҳама гуна хулқу атвори нописанд, ҳамқадами замони муосирро барпо ва фарзандони солиму солеҳ  тарбия намоем. Мо бояд, пеш аз ҳама, ба ҷавонон бо сабру таҳаммул буданро омӯзонем, то ки ба ҳар як пастиву баландии рӯзгор тоқат кунанд».

Дар охири ҷамъомад гуфта шуд, ки барои пешгирии ин омилҳо бояд ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ниҳодҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ, равоншиносон, имомхатибон, муассисаҳои таълимӣ, занону рӯзгордида дар якҷоягӣ амал ва суҳбату мулоқотро бо ҷавонону навхонадорон зиёд намуда, ба онҳо ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро фаҳмонанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2019 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд