«Раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-таҳти ин унвон дар Душанбе конфронс доир гардид

Июль 19, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 19 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо  ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Намояндагии Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират (СБМ),  Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В. Ломоносов  конфронси   байналмилалӣ дар мавзӯи «Раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии илм ва таҷриба» ба кори худ  оғоз  намуд. Дар кори конфронс роҳбарон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ,  корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, инчунин олимон, коршиносон, аспирантҳо  ва магистрантҳо иштирок доштанд.

 Дар оғози конфронс Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сумангул Тағойзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинахуҷа Саидов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  И. С. Лякин-Фролов, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йосефсон Мэрилин,  роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  хонум Транка Кристина,  муовини роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнаб Ал-Аззавӣ, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода, роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (оид ба муҳоҷират) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Владислав Маркевич ва дигарон доир ба паҳлуҳои мухталифи масъалаи муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ ва равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодии он  ибрози андеша намуданд.

Дар конфронс зикр гардид, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар оғози асри 21 ба раванди ҷаҳонӣ ва падидаи глобалӣ табдил ёфта, тибқи хулосаи  коршиносони соҳа,  раванди мазкур  дар баробари мушкилоти зиёд пеш овардан падидаҳои мусбат низ дорад. Он сабаби зудҳаракатии одамон гардида, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ намуда, дар маҷмӯъ ба инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ва қонеъсозии талаботи иҷтимоии он таъсиргузор аст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки истифодаи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ба кишвари қабулкунанда ва ҳам ба давлати интиқолдиҳандаи он манфиати калони иқтисодӣ меорад. Бинобар ин муҳоҷирати меҳнатиро чун як падидаи маъмули замона бояд дарк ва қабул намуд.

Дар ин зимн гуфта шуд, ки ҳеҷ як давлати ҷаҳон мушкилоти дар раванди  муҳоҷират   ба миёномадаро дар танҳоӣ ҳал карда наметавонад.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо имрӯз аз ин тағйироти равандҳои муҳоҷират дар канор нест, зеро он дорои сохтори аҳолии ҷавон буда, афзоиши ҳамасолаи аҳолии мамлакат зиёда аз 2 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамасола қариб 150 ҳазор афроди қобили кор ба бозори меҳнат ворид мегарданд.

Нотиқон зикр намуданд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳанӯз соли 2001 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро тасдиқ ва санадҳои миллиро ба он мутобиқ намуда, бо кишварҳои асосии қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Беларус ва дигар давлатҳо  созишномаҳои марбутаи ҳамкорӣ бастааст. Дар мамлакат  шароити зарурӣ барои таъмини хизматрасониҳои ройгон ба муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин буда,  барои омодагии касбӣ, бо кор таъминсозии муташаккилонаи онҳо дар хориҷ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо як зумра барномаҳо амалӣ шуда истодаанд.

Бояд илова кард, ки саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон метавонад механизмҳои муҳофизати кӯдаконро рушд ва иқтидори мутахассисон ва коргарони соҳаи иҷтимоӣ ва давлатиро ташаккул диҳад, то хизматрасониҳои зарурӣ барои кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дастрас бошанд.

Аз ҷумла,  яке аз он лоиҳаи «Ҳифзи кӯдакон дар равандҳои муҳоҷират» барои муҳофизати кӯдаконест, ки зери раванд ва таъсири муҳоҷират дар давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Ҷанубӣ ва Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон  татбиқ карда мешавад.  Давоми 3 сол лоиҳа барои дар бар гирифтани зиёда аз 2500 кӯдак, аз ҷумла кӯдакони оилаи муҳоҷир ва кӯдаконе, ки аз тарафи падару модар партофта шудаанд,  равона карда шудааст.

Сипас   иштирокдорони конфронс ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар мавзӯъҳои «Муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ ва раванди иҷтимоӣ-иқтисодӣ», «Оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии муҳоҷират», «Вазъи муҳоҷирон дар кишварҳои қабулкунанда: имконият ва чолишҳо», «Таъсири муҳоҷират ба оила ва кӯдакон», «Занон ва кӯдакон дар раванди муҳоҷират»,   «Имконияти мутобиқсозии муҳоҷирони баргашта ва бо  кор   таъминкунии ҷавонони бекор»  мубодилаи афкор намуданд.

Конфронси мазкур то бегоҳи имрӯз идома ёфта,  дар фарҷоми  он тавсияҳои дахлдор қабул карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки тавсияҳои қабулгардида дар конфронс барои танзими минбаъдаи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намуда, тадбирҳои афзалиятнокро дар самти ташаккули бозори меҳнати дохилу хориҷ  муайян менамоянд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид
Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд
Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Масъалаи табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор мегардад
IRS: Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд
Татбиқи лоиҳаи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Таҷрибаи занони вилояти Суғд дар самти соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ намунаи ибрат аст