Сардори Саридораи геология: «Захираҳои газу нафти Тоҷикистон дар чуқуриҳои аз 3 то 5 ҳазор метр дар қаъри замин ҷойгиранд»

Июль 17, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 17.07.2019. /АМИТ «Ховар» /. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод изҳор дошт, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои газу нафт мавҷуд буда, онҳо дар чуқуриҳои аз 3 то 5 ҳазор метр дар қаъри замин ҷойгиранд. Айни замон корҳои омӯзиши геологӣ ва коркарди онҳо ҷараён доранд».

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар нишаст зикр гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди геологӣ буда, ба ин захираҳо тилло, нуқра, сурб, металлҳои ранга, сиёҳ, қиматбаҳо, ашёи радиоактивӣ, сангҳои қиматбаҳо, нимқимматбаҳо ва худҷилову ороишӣ, ашёи агросаноатӣ, маводи сохтмонӣ, обҳои зеризаминӣ ва ғайра дохил мешаванд.

«Дар шаш моҳи соли равон дар натиҷаи корҳои анҷомдода захираҳо бо категорияҳои гуногун ҳисоб шуда, тавозуни давлат аз ҳисоби тилло, ангишт, хок, оҳаксанг, ашёи сементӣ, газ ва нафт ғанӣ гардонида шуд», — илова намуд Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Бояд зикр намуд, ки ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои маводи сӯзишворӣ ва энергетикӣ, ки ба онҳо  нафту газ ва ангишт дохил мешаванд, хусусияти хоси омӯзиши геологӣ доранд.

Аз ин хотир, тибқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, фармоишгари корҳои дар барнома пешбинишуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми иҷроияи ин корҳо Саридораи геология  ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ мебошанд.

«Ҳамаи корҳое, ки дар самти гузаронидани санҷиш ва коркарди захираҳои геологӣ анҷом дода мешаванд, дар асоси қарордоди дуҷонибаи Саридораи геология ва тарафи дигар ба амал бароварда мешаванд. Соли равон ҷиҳати истифодаи қаъри замин ва бонуси кашфи тиҷоратӣ бо 22 ширкат қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки маблағи умумии он зиёда аз 108 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», — зикр намуд Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Июль 17, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад