ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 июл, якшанбе, 188-умин рӯзи соли 2019 аст

Июль 7, 2019 08:00

7 июли соли 2012 Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, ба масъулин баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 неругоҳи хурди барқию обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо доданд.

***

6 сол пеш, 7 июли соли 2013 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ дари худро ба рӯи ниёзмандон боз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар кард.

7 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷазираҳои Кайман – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Танзания – Рӯзи кишоварзӣ.

***

Дар Осетияи Шимолӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

7 июли соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонки рушди Осиё барои дастгирии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ ба маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.

***

7 июли соли 2016 дар Бишкек ба муносибати 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои ИДМ баргузор гардид.

***

265 сол муқаддам, 7 июли соли 1754 дар Ню-Йорк Коллеҷи Шоҳ таъсис дода шуд, ки ҳоло ҳамчун Донишгоҳи Колумбия машҳур аст.

***

7 июли соли 1914 Парлумони Австрия барои муқобили Сербия оғоз намудани  ҷанг қарор қабул намуд.

***

7 июли соли 1993 дар Иёлати Висконсини Америка  ғолибияти аз ҳама бештари маблағи лоторея ба қайд гирифта шуд, ки маблағи бурд 111 миллион доллари америкоиро ташкил дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1917 аввалин маротиба дар Парлумони  Эстония интихобот сурат гирифтааст.

***

Соли 1972 аввалин бор ду зан ба сифати ҷосуси Маркази федералии ҷустуҷӯӣ савганд ёд кардаанд.

 

Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Июль 7, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст