Варзишгарони тоҷик дар шаҳри Бишкек ба гирифтани 11 медал мушарраф гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 июли соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Мусобиқаи байналмилалии XXII оид ба варзиши сабук барои ҷоизаи чемпиони олимпӣ Татяна Колпакова баргузор гардид. Иштирокчиён имкон доштанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст оваранд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур қариб 200 нафар варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон иштирок намуданд. Варзишгарони Тоҷикистон ба гирифтани 11 медал — 5 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Гулсунбӣ Шарифова миёни бонувон дар масофаҳои 200 (бо натиҷаи 23.39) ва 400 метр (52.72) ба гирифтани 2 медали тилло, Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа миёни бонувон (59.21), миёни мардҳо Илдар Аҳмадиев дар масофаи 100 метр (10.98) ва Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеа (52.93) ба гирифтани медали тилло сазовор шуданд.
Дар масофаи 400 метр бо монеа миёни мардҳо варзишгари дигари тоҷик Азиз Абдуллоев бо натиҷаи 54.21 ва дастаи мардонаи мамлакат дар эстафетаи 4х100 бо натиҷаи 41.48 медали нуқра ба даст оварданд.
Медалҳои биринҷиро дастаи мардонаи ҷумҳурӣ дар эстафетаи 4х400 (3:19.90), Григорий Дерипаскин дар масофаи 400 метр (47.48), Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ (7.08 метр) ва Нодира Мирзоева дар масофаи 400 метр бо монеа (1:15.12) соҳиб шуданд.
Ба иттилои котиби генералии Федератсияи варзиши сабуки Қирғизистон Иван Шербаков, иштирокчиён натавонистанд меъёрҳои муайяншударо барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 иҷро кунанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






