Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода: Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазор мегаватт расонад
ДУШАНБЕ, 15.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 Тоҷикистон тасмим гирифтааст иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Дар нимсолаи якуми соли 2019 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 10 млрд. 130,6 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 617,1 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 106,5 фоиз (бо дарназардошти 286 адад НБО-и хурд) таъмин карда шуд. Дар ин бора имрӯз Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд.
Усмоналӣ Усмонзода ба саволи хабарнигорон дар бораи саҳеҳияти хабари аз 1 сентябри соли равон қимат шудани нархи барқ посух дода, гуфт, ки «дар мавриди боло рафтани нархи неруи барқ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Барои пайдо намудани маълумоти бештар метавонанд ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд».
«Дар давраи ҳисоботӣ неруи барқ аз ҷониби барқистеҳсолкунандагони мустақили мамлакат, аз ҷумла дар ШСХК «Барқи Тоҷик» 8 млрд.74,9 млн. кВт. соат, дар ҶСК НБО «Сангтўда-1» 1 млрд. 286,5 млн. кВт.соат, дар ҶСК НБО “Сангтўда-2” 443,9 млн. кВт. соат, дар ҶСК «Помир-Энерҷӣ» 104,4 млн. кВт. соат истеҳсол шудааст»,-зикр кард ӯ.
Ба гуфтаи вазир, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 8,8 ҳазор кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 109,2 фоизро ташкил медиҳад.
Вазир ҳамчунин зикр кард, ки ҳаҷми умумии содироти неруи барқ дар ҷумҳурӣ бо натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2019 1 млрд. 257,4 млн кВт.соат соатро ташкил дод (аз ҷумла 2,8 млн. кВт. соат аз ҳисоби ҶСК «Помир-Энерҷӣ»), ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 314,2 млн. кВт зиёд буда, суръати афзоиш 133,3 фоизро ташкил дод.








Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад






