Ҳафт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар садамаи бузург дар вилояти Рязани Россия ба ҳалокат расидаанд

Август 6, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 06.08.2019. /АМИТ «Ховар»/  Субҳи имрӯз ҳафт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар садамаи бузурги нақлиётӣ дар вилояти Рязани Федератсияи Россия ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва банақшагирии сиёсати берунии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Ҳафт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтанд, панҷ нафари дигар бо ҷароҳатҳои дараҷаи гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд», гуфт ҳамсуҳбати агентӣ.

Дар ин садамаи мудҳиш дар Рязан ҳалок шуданд:
1.Назримова Назира Ҷамшедовна, ст. 21.07.2005
2.Назримова Гулдона, ст. 02.02.1983
3.Саидов Абдулло Саидбекович, ст. 14.09.1974
4.Маҳмудов Валиҷон Турсуналиевич, ст. 08.05.1989
5.Халилов Ислом, ст. 1974
6.Муллоев Фирӯз Бурҳонович, ст. 08.11.1977.

Дар беморхонаи марказии ноҳиявии Шатск бистарианд:
Ахмедов Раҳмон Тоҳирович, ст. 02.05.1991
Атоев Файзалӣ Файзуллоевич, ст. 16.04.1988
Баротов Фурқат Зокирович, ст. 1971
Алиев Самандар Валиевич, ст. 02.03.1981

Дар беморхонаи марказии ноҳиявии Сасово бистарианд:
Назримов Ҷовидон Ҷамшедович ст. 14.01.2007
Саидов Саидхон Фатҳуллоевич ст. 14.08.1984.

Шахсияти нафари фавтидаи ҳафтум муайян карда мешавад.

Шаҳрвандии ҳамаи ҳафт нафар қурбониёни садамаи нақлиётӣ дар вилояти Рязан, аз ҷумла модар ва духтари 14-солаи ӯ тасдиқ карда шуд. Аз миёни ҳамаи осебдидагон ду нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд,-изҳор дошт  ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти  намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Иброҳим Аҳмадов.

Ӯ зикр кард, ки корманди намояндагӣ, ки ба ҷои ҳодиса сафар кардааст, дар якҷоягӣ бо ҷамъияти маҳаллии тоҷикон бо мақомоти дахлдори Россия робитаҳои зич дорад. «Сафорати Тоҷикистон ва шуъбаи консулгарии намояндагии дипломатӣ низ дар Москва дар ин масъала бо сохторҳои давлатии Россия ҳамкории зич доранд», — илова кард И. Аҳмадов.

Қаблан раиси маркази вилоятии тоҷикони Рязан «Сомонӣ» Ҳасан Шамсиев ба ТАСС гуфта буд, ки намояндагони созмон ҷиҳати кумак расонидан барои фиристодани ҷасади ҳалокшудагон ба Москва рафтаанд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи сешанбе дар километри 405-уми шоҳроҳи М-5 «Урал» ронандаи микроавтобус ба қатори  роҳи мошингарди  ба тарафи муқобил ҳаракатдошта мебарояд, ки дар натиҷа ба нақлиёти дигар бармехӯрад.  Дар натиҷаи садама ронанда ва 6 мусофири микроавтобус, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки миёни онҳо як нафар кӯдак низ будааст, ҳалок шудаанд ва боз  шаш нафари дигар, аз ҷумла як нафар кӯдак ҷароҳат бардоштаанд. Баъдтар шумораи ҳалокшудагон ба ҳафт нафар расид.

Дар мошини дигар  ронанда ва мусофир  осеб дидаанд.

Ҷароҳатбардоштагон дар муассисаи тиббӣ бистарӣ шудаанд.

Айни замон дар ҷойи ҳодиса гурӯҳҳои Хадамоти пайроҳадории роҳ  кор намуда, сабабҳои садамаро муайян мекунанд.

ДАР АКС: Ҷои ҳодиса дар ноҳияи Сасовои вилояти Рязан. 6 августи соли 2019.

Август 6, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд