АГРОТУРИЗМ. Ин намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон самти афзалиятнок маҳсуб меёбад

Август 26, 2019 11:18

ДУШАНБЕ, 26.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Агротуризм ё худ сайёҳии кишоварзӣ тӯли чанд соли охир дар ҳоли рушд қарор дорад. Ин намуди саёҳат бештар дар кишварҳои аврупоӣ рушду нумуъ пайдо карда, дар дигар кишварҳои дорои имкониятҳои кишоварзӣ дар ҳоли тараққӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки солҳои охир талаботи сайёҳон нисбат ба саёҳатҳои фаъол зиёд гашта, онҳо мехоҳанд истироҳати худро дар деҳотҷой гузаронанд ва бо тарзи зисту зиндагонии мардуми деҳот, фарҳанг, урфу одатҳои маҳаллӣ ва меҳнати анъанавии деҳот шинос шаванд. Одатан ин навъи саёҳатро нафароне интихоб мекунанд, ки аллакай бисёр чизҳоро дидаанд ва дар саёҳати худ гуногунрангиро дидан мехоҳанд. Аксар вақт онҳо сокинони шаҳрҳои калон мебошанд, ки мехоҳанд рӯзҳои истироҳатии худро дар фазои ором, дуртар аз ҳаёти пурҷӯши шаҳр дар деҳотҷой гузаронанд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, истифодаи имкониятҳои сайёҳии маҳалҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро беш аз 70 фоизи аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Ташаббуси Пешвои миллат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин такони ҷиддӣ бахшида истодааст.

Дар ин давра барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳою садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва маҳсули дастранҷи ҳунармандон тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки агротуризм дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳанўз шакли нав ва муосири сайёҳӣ арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин, имрўз дар ҷумҳурии мо низ таваҷҷуҳ ба ин навъи сайёҳӣ афзудааст. Зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё худ агротуризм ба шумор мераванд.

Дар ин доира бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ таблиғу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии деҳот ва ташкили хатсайрҳо дар мавсими ҷамъоварӣ ва хушкондани меваҳо ба роҳ монда шудааст. Хатсайрҳои сайёҳӣ ангурбоғҳои шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор, зардолузори шаҳри Исфара, боғҳои гелос, зардолуву шафтолу дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Ҳисор, анорбоғхои шаҳри Норакро дар бар мегиранд. Fайр аз ин, ҳавасмандии сайёҳон барои иштирок дар мавсими ҷамъоварии пахта низ зиёд аст.

Ҳамчунин деҳаҳое, ки дар онҳо унсурҳои фарҳангию қадимаи миллӣ то ҳанӯз пойбарҷост ва имкониятҳои кишоварзӣ фаровонанд, дар хатсайрҳои сайёҳӣ ҷой дода мешаванд.

Яке аз афзалиятҳои дигар барои рушди сайёҳии аграрӣ дар мамлакат-ин таҷлили идҳои хос ба кишоварзӣ мебошад. Намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҷашнҳои “Сада”, “Меҳргон”, идҳои “Харбуза ва асал”, эълон намудани Иди ангур ва Иди себ диққати сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба кишвари офтобрӯяи мо бештар ҷалб намуда, лаззати меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ҳамеша дар хотироти онҳо боқӣ мемонад.

Чорабиниҳои мазкур барои густариши агротуризм мусоидат намуда, минбаъд сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин ҷашнҳо ба таври васеъ ҷалб карда мешаванд.

Тибқи таҳлилҳо, агротуризм ҷанбаҳои зиёдеро фаро гирифта, барои рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши занҷираи арзиши иловашуда, бо нархҳои қобили қабул фурӯхтани маҳсулот ва афзоиши даромад, муаррифии имкониятҳои сайёҳиву кишоварзӣ ва анъанаҳои миллӣ мусоидати ҷиддӣ мекунад.

Дар ин замина, зина ба зина ҳамаи имкониятҳои соҳа мавриди истифода қарор дода шуда, хоҷагиҳои деҳқониву шахсони алоҳида барои ҳамкорӣ даъват карда мешаванд.

Дар “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” омадааст, ки сайёҳӣ аксаран ҳамчун воситаи асосии дастгирии минтақаҳо, махсусан минтақаҳои кўҳӣ ва дурдасти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, заминаи асосии баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар маҳалҳо ба шумор меравад.

Дар заминаи ҳадафҳои олии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва бо назардошти афзалиятноку ояндадор будани агротуризм дар ҷумҳурӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ дар нақша дорад, ки “Барномаи миёнамуҳлати рушди сайёҳии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” қабул карда шавад.

Август 26, 2019 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ» таҳия мегардад
Ширкати фаронсавии EDF дар дарёи Зарафшон корҳои омӯзишӣ мегузаронад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд оид ба рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА дар Теҳрон иштирок намуд
Соли 2025 дар Тоҷикистон раванди татбиқи 32 ҳуҷҷати стратегӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад
Устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва навоварӣ дар идораи захираҳои обӣ ва мониторинги пиряхҳо баррасӣ шуд
МАРКАЗИ «МЕҲРИ МОДАР». Занону духтарон дар он ҳунарҳои миллӣ меомӯзанд
KOICA дар Душанбе Маркази омӯзиш ва такмили ихтисоси мутахассисони роҳи оҳан ва метро таъсис медиҳад
Дар Душанбе рушди тиҷорат дар шароити иқтисоди «сабз» баррасӣ гардид
УСУЛИ ГИДРОПОНИКӢ. Дар Тоҷикистон тавассути ин усул чорво пайваста бо хӯроки сабз таъмин мегардад
Мутахассисони тоҷик дар Барномаи байналмилалии омӯзиши энергияи офтобӣ дар Ҳиндустон иштирок менамоянд
Арзёбии техникӣ-иқтисодии гармидиҳии устувор барои Тоҷикистон баррасӣ шуд