Ансамбли «Бадахшон» дар Фестивали XII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» зери кафкӯбии мухлисон ҳунарнамоӣ намуд

Август 29, 2019 13:21

ДУШАНБЕ, 29.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз аст, ки дар майдони Регистони шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивали XII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ҷараён дорад. Шоми дирӯз дар ин фестивал ансамблҳои фолклорӣ аз Ӯзбекистон,  Қазоқистон, Ҳиндустон, Аргентина, ИМА, Мянмар, Фиджи ва ҳунармандони Ансамбли мусиқию фолклории “Бадахшон” аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии Соҳиба Давлатшоева баромад намуданд.

Зери кафкӯбии мухлисони сершумор суруду таронаҳои дилнишини «Попурӣ», «Баҳор»-и оҳангсоз Муҳаммадато Таваллоев, «Дило чунам» ва дигарон садо доданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол ҳунарнамоии иштирокчиён аз рӯи ду самт – «мусиқии халқӣ ва сурудҳо бо услуби касбӣ» ва «мусиқии муосир ё суруде, ки бо усули анъанавӣ эҷод шудааст» баҳо дода мешавад. Баромади ҳунармандонро аъзои ҳакамон иборат аз ҳафт нафар баҳогузорӣ менамоянд. Ба ҳайати доварони байналмилалӣ  мусиқичиён, рассомон, оҳангсозон, аз ҷумла намояндаи Тоҷикистон Аслиддин Низомов шомиланд.

Барои ғолибони ҷойҳои аввал 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 7 ҳазор доллар ва ҷойи сеюм 3,500 ҳазор доллар мукофот муқаррар гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар фестивали имсола 340 нафар рассомон аз 75 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Бори аввал аст, ки дар фестивал намояндагони чунин кишварҳо, аз қабили Аргентина, Мянмар, Судон ва Фиджи иштирок доранд.

Маросими ҷамъбаст ва супоридани мукофот ба ғолибони Фестивали  XII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» 30 август, соати 19:00 дар майдони Регистон баргузор мегардад.

Август 29, 2019 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид