Баррасии фаъолияти кошонаҳои ҳусн дар барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и Радиои «Ховар»

Август 6, 2019 17:55

ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсили соли 2018-2019 изҳор дошта буданд, ки “барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки сабаби ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ ворид карда шавад”.   

Дар робита ба ҳамин масъала  аз якчанд кошонаи ҳусни шаҳри Душанбе дидан намудем. Вазъи санитарию эпидемиологии кошонаҳои ҳусн дар кадом сатҳ қарор дорад?  Сарраёсати санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чӣ корҳоро ба анҷом расонид? Чӣ қадар кошонаҳои ҳусн аз фаъолият боз монданду чӣ теъдод ислоҳ шуд?  Ба ин ҳама саволҳо аз барномаи таҳлилии “Бозтоб”  посух дарёбед.

Барномаи таҳлилии «Бозтоб» 7 август, соати 09:30, такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 аз радиои «Ховар» садо медиҳад. Муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави Наврӯз.

«Бозтоб»-ро пайгирӣ намоед!

Август 6, 2019 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд