Бинои нави Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 21.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ҳамчунин имрӯз бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бинои нави Кумитаи идораи замини ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар ин бинои тозабунёд барои кормандон беҳтарин шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 19 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад.
Қаблан кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Деваштич бинои асосии худро надоштанд ва иҷоранишин буданд. Барои таъмини кормандон бо ҷойи кору шароити мувофиқ бинои бекорхобида дар маркази ноҳия баъди ҳуҷҷатгузории пурра ба тавозуни Идораи кумитаи замини ноҳия гузаронида шуд ва баъди пурра навсозӣ шудан барои кормандон шароити мусоид фароҳам гардид.
Навсозии бинои мазкур дар доираи омодагихо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Барои навсозии ин иншоот беш аз якуним миллион сомонӣ сарф шудааст.
Корҳои таҷдиду навсозии ин биноро қариб 60 нафар кормандону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кордон-2010» дар муҳлати 11 моҳ бо сифати баланд ба анҷом расониданд.
Ҳоло бо фароҳам гардидани шароити арзандаи корӣ кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Деваштич кўшиш менамоянд, ки сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар кунанд.
Ҷиҳати дар арафаи истиқбол аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани ин иншоот кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Деваштич дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар раванди навсозии иншооти мазкур саҳми арзишманди худро гузоштанд.
Ҳамаи утоқҳои кормандон бо мизу курсӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Айни замон дар Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Деваштич 50 нафар мутахассисон фаъолият менамоянд ва ифтитоҳи ин иншооти замонавӣ туҳфаи арзишмандест дар рӯзҳои истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Деваштич аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Айман» як маҷмааи нави хизматарсонӣ ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи ин иншоот низ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар масъулини мақомоти соҳа иштирок намуданд.
Иншооти мазкур дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, истиқболи сазовори ҷашни миллӣ- Истиқлолияти давлатӣ бунёд карда шуда, он аз ду ошёна иборат мебошад.
Дар ошёнаи якуми ин маркази хизматрасонӣ нуқтаҳои савдо, ошхона, дар ошёнаи дуюм ҳаммом бо муосиртарин шароит, толори фитнес муҷаҳҳаз бо лавозимоти машқу тамрин ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳудуди ин маҷмааи нави хизматрасонӣ бо шиору овезаҳои таблиғотӣ оро дода шуда, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, чароғон гардидааст, ки шабонгоҳ хеле назаррабо ба назар мерасад.
Ин маркази хизматрасонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат бунёд карда шуда, сокинон ва меҳмонон аз он ба таврси васеъ истифода мебаранд.














Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






