Дар Ҷоми кушоди Ӯзбекистон варзишгарони тоҷик сазовори 12 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони шинохтаи тоҷик дар Ҷоми кушоди Ӯзбекистон оид ба варзиши сабук сазовори 12 медал гардиданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ САФАРАЛӢ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Ҷоми кушоди Ӯзбекистон оид ба варзиши сабук 17-18 август дар шаҳри Тошканд доир гашт. Дар мусобиқа дар баробари дастаҳои минтақаҳои Ӯзбекистон, варзишгарон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Австралия, Арабистони Саудӣ ва Малайзия иштирок карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 26 нафар иштирок карда, ба гирифтани 12 медал – 5 тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ – даст ёфт. Гулсунбӣ Шарифова дар дав ба масофаи 400 метр (бо натиҷаи 53.88), 400 метр бо монеа (1:00,66), эстафетаи 4х400 метр (3:57.40) ҳамроҳ бо Лолахон Ҷумъаева, Нодира Мирзоева, Кристина Пронженко се медали тилло ба даст овард. Ӯ ҳамчунин дар масофаи 200 метр (23.80) сазовори медали нуқра гардид.
Ду медали дигари тиллоро Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр (1:54.94) ва Нодира Мирзоева дар масофаи 3000 метр бо монеа (12:14.28) сазовор шуданд.
Абдурауф Мусоев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 58.40 метр, дастаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 метр (Илдар Аҳмадиев, Алишер Пулотов, Даврон Атабоев, Александр Пронженко) бо натиҷаи 42.51 ва 4х400 метр (Григорий Дерипаскин, Даврон Атабоев, Леонид Пронженко, Ислом Холиқов) бо натиҷаи 3:21.80 ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд.
Медалҳои биринҷиро Кристина Пронженко дар дав ба масофаи 100 метр бо монеа (14.62), Алишер Пулотов дар дав ба масофаи 400 метр бо монеа (53.61) ва Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳиш ба дарозӣ (2.05) ба даст оварданд.
Хотиррасон менамоем, ки дар идома варзишгарони мо дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Г. Орзуманов ширкат мекунанд. Ин мусобиқа 23-25 август дар шаҳри Тошканд доир мегардад.
Ҳар ду мусобиқа қуввасанҷиҳои интихобӣ дар арафаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба ҳисоб мераванд.
Варзишгарон дар сурати иҷрои меъёрҳои муқарраркардаи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд. Ҳамчунин соҳиби хол гардида, мавқеашонро дар раддабандии ҷаҳонӣ беҳтар менамоянд.








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






