«ДАР САМАНГОН ТАХТИ РУСТАМ ИНТИЗОРИ РУСТАМ АСТ!..» Ва ё чаро чиҳил сол боз дар Афғонистон куштору хунрезӣ хотима намеёбад?!

Август 30, 2019 12:27

ДУШАНБЕ, 28.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Тавре хабар дода будем, 17 августи соли равон бар асари инфиҷори шадид дар маросими арӯсӣ дар Кобул даҳҳо нафар мизбонон ва меҳмонони чорабинӣ ҷон бохтанд. Инфиҷори маргбор боиси ҳалокати даҳҳо нафар ва ҷароҳат бардоштани 180 тани дигар гардид, хабар дода буд TOLOnews бо такя ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати  корҳои дохилии Афғонистон.

Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар», ки дар зер пешниҳод мегарданд,  ба ҳамин ҳодиса ва ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд.

 

Терроризм – таҳмили бегонагон   

Ҳар рӯз хабаре аз террор…

Ҳар рӯз хабаре аз инфиҷори навбатӣ…

Куштор, куштор, куштор…

Боз ашк, боз хун, боз ашк, боз хун…

Боз нолаҳои модарони зор…

Бепоён, бе фарҷом …

Афғонистон… Афғонистон…

Афғонистони оғушта ба хун, оғушта ба ашк…

Афғонистони оғушта ба нолаи дардхезу фиғонҳои ҷонгудоз…

Ҳар рӯз як хабари шум, хабаре даҳшатовар аз ин куҳандиёри азизон!

Чаро? Чаро?  Чаро?..

Террори кӣ? Инфиҷори кӣ? Куштори кӣ?

Ақл бовар намекунад. Террори халқи бегуноҳ, инфиҷори наврасону кӯдакон,  куштори модарон, тифлон, пирон, раҳгузарон, меҳмонон…

Камол Насрулло

Куштори  ҷавонзане чун Фархунда Маликзодаи бегуноҳи  қурбони ҷаҳолатшуда! Ба ӯ тӯҳмат заданд, ба хиёнати каломи муқаддас гунаҳгор карданд.  Аммо баъд маълум шуд, ки бегуноҳ аст,  маълум шуд, ки баръакс, барои ҳимояи китоби муқаддас ҷуръат кардаааст як мутаассиб, як дуофурӯши  фиребгарро фош созад! Ӯро барои нангдориву садоқатмандияш бенангу бесадоқат эълон кардаву бераҳмона, ваҳшиёна, куштанд! Ҳатто ҷонвареро бо чунин даҳшату ваҳшоният намекушанд!

Ҳоло хабари як террор кӯҳна нашуда, хабари террори нав…

Террор дар кӯча, террор дар масҷид, террор дар беморхона, террор дар кӯдакистон, террор дар ҷаноза ва инак, ҳатто террор дар рӯзи тӯи арӯсӣ, ки теъдоди қурбониёнаш ба  80 нафар расидааст…  Ва метарсам, ки то интишори ин мақола боз чандин террори нав ба вуқӯъ напайвандад.

Шигифто!  Ин ҳама дар ҳамсоягии мо, як қадам онсӯтар, дар кишвари ҳамҷавори мо, дар хоки муқаддаси Ориёнову Хуросони бузург, дар кишваре, ки аз замони Ҳахоманишиҳо то ба замони Мавлоно Ҷомӣ бо родмардиву футувват, бо илму адаб, бо маърифати оламгир машҳур шудаву дар одобу фазилат намунаи ибрати оламиён будааст.

Дар сарзамини таълимоти ҷавонмардию  ойинҳои сабақомӯзи он, дар зодгоҳи “Футувватномаи султонӣ”?!  Дар сарзамине, ки тахти Рустами бостон дар он ҷо побарҷост, Рустами муҳофизи Ватан, паҳлавон- фотеҳи ҳама майдонҳои набард алайҳи душманон. Дар кишваре, ки ҳамзабонону ҳамхунони мо зиндагӣ мекунанд!

Аммо, бадбахтона, имрӯз ин сарзамини муқаддас маркази инфиҷору террор, кушторҳои беадолатонаву ноҷавонмардона қарор гирифта, хокаш помоли аҷнабиён гардидааст. Дар он нерӯҳое  ноаён ҳукм меронанд, ки худ терроризмро бунёд ниҳодаву имрӯз намоишкорона бо он меҷанганд, сокинонашро маҳву нобуд месозанд.Чаро? Бо чӣ ҳадаф?

Чиҳил  сол аст, ки дар ин сарзамин хунрезиву одамкушӣ ҳукмрон аст. Ва бадбахтӣ афзунтар аз он гаштааст, ки ин ҳама бо номи ислом бар алайҳи ислом ба вуқӯъ мепайвандад. Ҳама инро медонанд, аммо лоилоҷанд! Чаро?!

Ва ин деви ҳафтсар, балки ҳазорсар бо номи терроризм, бадбахтона, дар симои одам аст ва дастони нонамоёни дарозе дорад, ки бар тамоми гӯшаҳои олам мерасанд: Ню – Йорк, Лондон, Париж, Берлин Брюксел, Барселона, Россия.., ҳар куҷе хоҳад. Худо накунад,ки фардо …

Куштани халқи бегуноҳ! Оё ҳамин аст ҳадафи ниҳоии шумо, террористон, ки бо номи мубораки мусулмонӣ исломро бадном мекунед?! Ниқобҳои  дурӯғин ба рӯ андохтаед бо номи  Давлати исломӣ, Толибон, Ал — Қоида, Бокул Ҳарам …  агар ин тур нест, пас чаро халқи бегуноҳ мемирад, ҷанги шумо барои маҳви халқи бегуноҳ аст?!

Террор, инфиҷор, куштор… Аз куҷо, бо чӣ ҳадаф? Кист дар паси ин ҳама    хуниноҳақрезиҳо, хонумонсӯзиҳо, вайронкориҳои шигифтангез, ҳамлаҳои харобиовари гӯшношунид, маҳви муқаддасоти инсонӣ,  маҳви нодиртарин нишонаҳои таърихии инсоният, яъне маҳви маънавиёти башар!

Бале, душмани башарият  аст, ки бо номи ислом исломро бадном мекунад, ба шарафи он иснод меорад. Кай ислом гуфта буд, ки бегуноҳонро кушед? Кай ислом гуфта буд, ки муқаддасотро сӯзонед! Кай ислом хиёнат ба шарафи инсониро раво дониста буд? Оё ислом гуфтааст, ки хуни ноҳақ резед? Шиканед, сӯзонед,решакан кунеду заминро ба харобазор  табдил диҳед?! Вой бар ҳоли одамон, вой бар ҳоли Замин, вой бар ҳоли Шумо! Фикр намекунед, ки замини пок рӯзе ҳама нопокиҳою нопоконро ба қаъраш фурӯ мебарад?!  Шумо фарзанд надоред? Модар надоред? Ҳамсар надоред?! Пас чаро фарзанд, модар ва ҳамсари дигаронро бераҳмона ба қатл мерасонед?!

Ин амалҳои зишт чӣ ҳадафе доранд, ки ақл намегирад?! Оё нафаре метавонад гӯяд, ки ягон амали террорист, ягон инфиҷор, ягон таркиш, ягон хунрезии террорист ба манфиати ислом ё инсоният буд? На! Инҳо ҳама алҳол алайҳи башарият, алайҳи исломи воқеиянд!

Ба назар чунин мерасад, ки дар чанд соли охир як ҳаракат,  як мубориза дар сатҳи ҷаҳонӣ ба муқобили ислом, бо ҳадафи бадном кардани ин дини мубин аз ҷониби нерӯҳои хеле муқтадири ҷаҳонӣ оғоз ёфтааст. Хеле муқтадир, зеро онҳо тавонистанд чандин кишвари исломиро зеру забар ва бар хок яксон кунанд, хуни мусулмононро бо дасти мусулмонон бирезанд ва ин дини мубинро, ки бузургони дунё эътирофаш кардаву баҳои баландаш додаанд, то ҷое воқеан бадном созанд. Ва барои он ки чашми оламиёнро тарсонанд,ин хунрезиҳоро ба гӯшаҳои дигари дунё, ба Амрикою Аврупо низ интиқол доданд!

Кист дар паси пардаи терроризм?  

Саволе дар андеша ҷавлон мезанад, ки оё ин ҷангҳо дар кишварҳои исломӣ ҷанги мусулмонон бо мусулмонон аст? Оё тухми низоъ имрӯз дар ин кишварҳо бо  дасти кӣ кишта мешавад, ки ин ҳама  хору зарпечаки тероризм ва экстремизмро нумӯъ бахшидаасту ҳосилаш сахт  хунин  аст.

Як хусусияти фарқкунандаи ҷаҳони имрӯзӣ ин аст, ки мубориза ва пайгирии ҳадафҳои соҳибшавии дунё, амалӣ сохтани ҳадафҳои дигар ба воситаи  низоъ андохтан дар байни динҳову мазҳабҳо пеш гирифта мешаванд. Вақте ки динҳову мазҳабҳо ба ҳам ҷанг андохта мешаванд, ҷанг барои ҳаёту мамот, ҷанг барои бовару эътиқод аст ва хунрезиву харобии бештар ба бор меорад. Ва мо дидем, ки дар кӯтоҳтарин муддат қавитарин кишварҳо ба хок яксон шуданд ва аҳолиашон роҳи гурезу муҳоҷиратро пеш гирифт. Чунин зуҳурот дар таърих собиқа надорад. Ҷангҳои пешина сурату ҳадафҳои  дигар доштанд. Агар пеш барои давлатдорӣ, боигарӣ, тасаллут ёфтан дар дунё бо қувваи худ  меҷангиданд, ҳоло мазҳабҳоро ба ҳам ҷанг андохтаанд, то мардуми як дин, як равия байни худ биҷанганд, то бародарро бо дасти бародар, дар айни замон мусулмонро бо дасти мусулмон нобуд созанд.

Аз ин рӯ он ҳаракатҳое, ки бо номи пуштибонӣ аз ислом ва покиза кардани ислом ба миён омадаанду одитарин зуҳуроти санъату фарҳангу маърифатро, ки инсонро инсон месозанд, куфр эълон кардаанд, ба ҷуз душманӣ ба ислом чизе нестанд. Зеро мебинем, ки ин роҳ мусулонону мусулмониро ба куҷо овард. Исломи хирад, исломи фазилат, исломи одобу фарҳангу маърифат ба исломи ҷаҳолат, исломи куштору хунрезӣ, исломи башарбадбинӣ, маҳрум аз оддитарин хушиҳои рӯзгор, ҳатто барои тифлакони бегуноҳ, табдил дода шуд.

Чӣ нерӯест, ки мусулмононро ба ҳадди хунрезӣ овард, бо тӯҳмате ба сари  Ироқ оташи маргбор рехт,  Саддом Ҳусейнро сарнагун сохту ба дор овехт, Қаззофиро лагадкӯб кардаву ба қатл расонид ва чунон кард, ки ниқори хунталабӣ,  зиддияту  душманиро амиқтару амиқтар ба коми хатар андохт ва роҳи ҳаллашро чигилтару чигилтар сохт? Оё низоъ, ҷанг ва хунрезиҳое, ки имрӯз дар Миср, Сурия, Яман, Ироқ, Либия, Афғонистон аз ҳама сарҳадҳои дахолату ислоҳ убур кардаанд, кори дасти кадом қувваҳост? Оё мусулмонон мехостанд, ки ин даҳшатҳо ба сарашон ояд?! Оё онҳо дар кишварҳое ободу озоду муваффақ намезистанд? Дар оянда навбати кист?

       Ислом чист? Нигоҳе ба таърих  

Банда ду сол муқаддам дар  сомонаи АМИТ “Ховар” дар мавзӯи терроризм таҳти унвони “Ислом ба зоти худ чӣ айбе дорад?” ва “Исломи солим сарчашмаи хирад аст” мақолаҳое ба табъҳо расонида будам, ки дар ин гузориш аз онҳо иқтибосҳо меорам:

“Боре хонуме дар Русия ба граф Лев Николаевич Толстой мактуб навишта хоҳиш карда буд, ки ба писари ӯ раҳнамоӣ кунад, то аз ду дин: насронӣ ва мусулмонӣ якеро барои парастиш интихоб намояд. Нависандаи бузург ба он зан дар ҷавоби мактубаш маслиҳат дод, ки беҳтар аст, писараш  ба дини ислом гаравад, зеро ин динест озод аз ҳама гуна хурофот.

Л.Н.Толстой навишта буд: “ Ҳарчанд ин гуфтори ман боиси тааҷҷуб аст, мане ки ғояҳои насронӣ ва таълимоти онро ба  маънои ҳақиқиаш  арҷи баланд мегузорам, барои ман ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки муҳаммадгароӣ (Ислом) бо зуҳуроти зоҳирии худ хеле баландтар аз таълимоти православӣ меистад.

Ин аст, ки агар дар назди инсон танҳо илоҷи аз ду як интихоб истода бошад, яъне интихоби ислом ё дини дигар, ҳеҷ ҷои тардид барои одами солимфикр набояд бошад, ки ӯ муҳаммадгароӣ, яъне  исломро қабул кунад. Ба ҷои он таълимоти худопарастии мураккабу нофаҳмо- троица (воҳиди салоса-таҷассуми писари Худо, худи Худо дар сурати як Худо), кафорат (ҷуброни гуноҳҳо), сирри ғайб, муқаддасот ва тасвирҳои мураккаби онҳо дар парастиши Худо”.

Бубинед, то куҷо арҷи баланд дошт дини мубини ислом, ҳатто дар байни онҳое, ки худ мусулмон нестанд. Мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо хусусан ба он ҷалб кунам, ки нависандаи бузург дини исломро дини озод аз таассуб шуморидааст. Чаро дар он рӯзгор чунин меҳисобиданду имрӯз  тавқи террористию экстремистӣ  бар он мезананд, ки аслан зодаи таассубу хурофоту ҷаҳолатанд?

Аз замони Толстой то имрӯз беш аз як аср гузаштааст. Аммо бубинед, андешаҳо чӣ қадар дигар шудаанд.   Инак, иқтибоси дигар аз мақолаи дигари банда:

“Суханони шахсияти бузурги замони мо  Канслери  Олмон Ангела Меркел дар хусуси вазъи имрӯзаи ҷаҳони Ислом ва кишварҳои араб аксуссадои зиёде дар матбуоти кишвар ба вуҷуд овард. Суханони хонум Меркел чунинанд: “Ҳинду Чин наздик ба 2,5 млрд аҳолӣ,150 Худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусулмонон як Худо, як пайғамбар ва як китоб доранд, вале хиёбонҳояшон аз хуни ҳамдигар сурх шудааст.

Қотилаш мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Мақтул ҳам мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Ва куштаҳои ду тараф шаҳид номида мешаванд. Ин дард аст, ки мутаваҷеҳ нестем дин чист”.

Ангела Маркел бо овардани танҳо ҳамин як далел тавонист зарбаи сахту ҷонкоҳе ба мусулмонону мусулмонии мо занад. Бе ягон тарғибот, бе ягон таҳқиқу далели дигар, дар ду сатр хеле нишонрас ва бе беҳс!

Ин суханон истиқболи хуб ва ҳатто пурваҷду офариномезе ёфтанд аз ҷониби аксари мардуми мо ва ҳатто яке аз ҷаридаҳои мо “СССР”фавран ба Ангела Меркел  дипломи вежаи худ ва мукофоти пулии он — сад сомониро дар купиюраҳои -як, панҷ, даҳ ва бистсомона сазовор дониста, бе таъхир ин диплом ва ин маблағро ба таври расмӣ ба сафоратхонаи Олмон, ба ҷонишини аввали сафир Зилке Клёвер супорид.

Суханони Ангела Меркел ҳақиқати талх ва бебаҳсе ҳастанд, ки мо онҳоро маҷбурем фурӯ барем. Аммо барои ҳар нафаре, ки худро мусулмон мешуморад ин суханон хеле нанговар ҳам мебошанд.

Ин баҳогузорӣ дар рӯ ба рӯи он шиори машҳури дини мубини Ислом: ”Муъмин бародари муъмин аст” ҳақиқати дигареро барои мо боз мекунад, яъне имрӯз на танҳо муъмин бародари муъмин нест, балки муъмин душмани муъмин аст ва муъмин хуни муъминро мерезад. Албатта, ин баҳогузорӣ бо вуҷуди ҳақиқати талх буданаш, ба иззати нафси мо мусулмонон дарднок мерасад.

Падарону бобоёни мусулмони мо  дар одитарин рафтору гуфтори худ оё хайрхоҳиву некӯкориву инсондӯстиву раҳму шафқатро ба мо таълим намедоданд? Дар ҳама одобу гуфтори онҳо, ба ҷуз башардӯстӣ, тараннуми сулҳу дӯстиву ваҳдату ишқ, оё ягон зарра андешаи иртиҷоӣ ва  ба лафзи имрӯзӣ экстремистӣ ҷой дошт?  На ин ки ҷой надошт, ҳатто дар гумонҳояшон ҳам набуд. Мардуми мусулмони диёри мо, пирони мо бо таҳаммулпазирӣ ва хайрхоҳиву башадӯстии худ маъруф буданд ва ҳамин симо, яъне симои некиву таҳаммул ва меҳру муҳаббат дар эҷодиёти классикони мо чун дар ойина ҷилои дурахшон ёфтааст”.

Аммо чӣ шуда, чӣ расида ба ислом ва мусулмонии мо?! Саволест нигаронкунанда, ки посухи қоноатбахш мехоҳад.

Кист ниҳон дар паси ҳизбу созмонҳои “исломӣ”-и ғайриисломӣ?  

Ин саволи дардноки рӯз аст. Албатта, ин савол посухи сиёсатмадорон, олимон, ҷомеашиносон ва мутахассисони варзидаи оламро тақозо  дорад.Аммо мусаллам ин аст, ки тамоми ташкилотҳои ахиран пайдошуда, ки терроризм бо номи онҳо зуҳур кардааст, ҳама худро ҳомӣ ва пушитибони ислом мешуморанд. Ва ин ҳам мусаллам аст, ки тамоми амалиётҳои онҳо баръакс бар зарари ислом ва барои бадном кардани он тарҳрезӣ мешавад. Мо қудрат надорем муайян ва исбот кунем, ки чӣ кишварҳое терроризмро ба майдон овардаанд ва чӣ ҳадафҳо доранд, ҳарчанд пай бурдан мумкин аст. Аммо, биёед, бубинем, кистанд он террористон? Кистанд онҳое, ки ба ҳаракатҳои террористӣ пайвастаанд?

Ба андешаи мо чунин аст: аввалан, инҳо гурӯҳи фирефтае мебошанд, ки гирифтори тарғиботҳои ғаразнок шудаанд. Онҳое, ки самимона бовар ба ин макру фиреб ва дурӯғ кардаанд, ки воқеан ҷиҳод дар  роҳи ислом мекунанду  ҷоннисор рост ба биҳишт мераванд. Аммо имрӯз, агар иштибоҳашонро фаҳмида бошанд ҳам, наметавонанд аз ин маҳшар бурун оянд.

Дуюм, гурӯҳе, ки дар дил аламҳо аз зиндагиву дунё доранд, бебароранду ноком, аламдоранду кинавар ва ҷойи гурезро дар пайвастан ба ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ ёфтаанд. Онҳо низ аксар имрӯз пушаймонанд.

Сеюм, гурӯҳе, ки ба хотири молу мулку ҷоҳу давлат ва боигарӣ худро ба гурӯҳҳои террористӣ задаанд. Гумон намекунам, ки онҳо низ пушаймон нашуда бошанд, аммо лоилоҷанд.

Чаҳорум, гурӯҳе содалавҳ, тасодуфӣ, бекормонда, гирифтори ҳавасҳои ҳавоӣ; онҳое, ки худ намедонанд, ба куҷо барои чӣ мераванд. Онҳо низ аз нахустин рӯзҳои пайвастанашон бо терористон сахт пушаймонанд.

Ва, ниҳоят,  гурӯҳе, ки аз азал бераҳм, хунхор, одамкуш зода шудаанд. Онҳо аз амалҳои ношоистаи худ ҳаловат мебаранд. Онҳо аз зоти шайтони лаъинанд ва рисолаташонро дар куштору хунрезӣ мебинанд.

Аммо он дигароне, ки тавассути номи ислом мехоҳанд бар сари қудрат оянд, мехоҳанд дорою тавоно шаванд, гӯиё ғояҳоеро пайгирӣ мекунанд, розиянд аъмолашон боиси марги халқи бегуноҳ шавад, мусулмони воқеиянд?! Оё ҷони як муслим ва шарафи мусулмонӣ болотар аз ҳама чиз нест? Оё дар дили ин гурӯҳ як ҳадаф, ба ҳар роҳе набошад, ба даст овардани ҳокимият нест? Марҳамат, барои ҳокимият мубоиза баред, чунон ки бисёриҳо мубориза мебаранд, аммо чаро бо номи ислом? Гуноҳи айби дини мубин  чист, ки онро махлут ба ҳадафҳои ғаразнок  месозед? Агар ҳадаф ба даст овардани ҳукумат ва курсиҳои баланд аст, исломро чаро дар байн меандозед? То ҷойе ки имрӯз вожаи мусулмон ҳамрадифи вожаҳои террористу экстремист гардидааст. Кадом дини дигарро медонед, ки бо ин вожаҳои даҳшатбар ҳамоҳанг шуда бошад. Пас ин корро кӣ кардааст, агар душмани ислом накарда бошад?! Аммо кӣ гуфт, ки роҳи солими расидан ба ҳокимият вуҷуд надорад? Бе хунрезӣ, бе террор, тавассути нерӯи ақлу заковат ва сиёсати солим, на бо силоҳу террору инфиҷор.

Яъне гап ин ҷо дигар аст, ҳадаф ин ҷо дигар аст. Дар сароғози ин ҳаракатҳо душманони ислом ва ҳатто метавон гуфт душманони Шарқ истодаанд, ки мақсадашон шикаст овардан ба дини ислом ва мусулмонӣ, нобуд сохтани теъдоди зиёди аҳолии ин минтақа ва ё аслан маҳви онҳо мебошад.

   Инфиҷор, худкушӣ — шигифтовартарин шеваи терроризм 

Мутаваҷҷеҳ шудаед, ки  ин амалро аксаран кӣ иҷро мекунад? Бале, наврасон ва ҳатто кӯдакон. Зеро заҳролуд кардани майнаи онҳо осонтар аст. То ҷойе ақидаи инфиҷор, яъне худкушӣ, тарконидани худ ва дигарон дар ақлу сиришти наврасон ҷой карда мешавад, ки онҳо ба  манкурт табдил меёбанд, дигар на модарро мешиносанду на хоҳарро. Ба дасгоҳе табдил меёбанд, ки ҳар ҳукми фармударо ба иҷро мерасонанд. Пас, хулоса бароред, онҳое, ки ин кӯдаконро бо номи ислом ба инфиҷорҳо омода мекунанд, чӣ муносибате доранд ба исломи асил?

Такроран мегӯям, ки исломи мо, исломе, ки рӯҳияи моро дар партави он парваридаанд, ба ҷуз аз ҳадафҳои нек дунболагири чизи дигар набуд. Покизагӣ, хайрхоҳӣ, некӣ кардан, баровардани ҳоҷатҳо, озор надодани касе, дастгирӣ аз афтодагону бечорагону ятимон, эҳтироми калонсолон, бунёдкориву ободкунӣ… инҳо буданд шиорҳои инсонию исломии мо мусулмонон дар ин сарзамин, ки хушбахтона аз ҷониби Ҳукумати соҳибистиқлоли мо ва Пешвои миллатамон имрӯзҳо  дастгирӣ ва амалӣ мешаванд. Дар сиришти террорист нишоне аз ин сифатҳо нест, пас то куҷо ӯ мусулмон аст?

Аммо чаро дасти терроризм дароз аст? Чаро ба ҳама ҷо роҳ меёбад? Чӣ калид, чӣ сеҳрест дар дасти террористон, ки Худо накарда, мебинед, фарзанди худи шуморо ҳам ноаён аз баратон рабудаанд?!

Ана дар ҳамин ҷо мо бояд лаҳзае таваққуф кунем ва биандешем, ки як ғояе,ки аз хурдсолӣ дар майнаи наврас ҷо мешавад, чӣ нақши бузурге дар тақдири ӯ метавонад бигузорад.  Ана дар ҳамин ҷо то куҷо бузург ва тақдирсоз будани нақши падару модар,  нақши омӯзгор, мураббии авввал, нақши муаллиме, ки таълим ба фарзандони мою шумо медиҳад, падидор мешавад. Агар аз хурдсолӣ ба майнаи кӯдак ин маъниро ҷо кунанд, ки ӯ набояд дасти ношуста нонро ба даст гирад, ӯ ҳама умр онро риоя хоҳад кард.

Ҷаҳолат ислом нест! Таассуб ислом нест! Хурофот ислом нест! 

Мутаассифона, дар ҷомеаи мусулмонии мо аксар вақт наметавонанд тафриқа дар байни исломи асил ва хурофоту таассуб гузоранд. Аз соддагиву зудбоварии мардуми мо мутаассибони ғаразпеша истифода мебаранд. Гурӯҳе бо номи ислом ва мусулмонӣ халқро фиреб додаву пул кор мекунанд. Онҳо на камтар аз терористонанд, зеро заминаҳои нумӯи тероризм, яъне таассуб, хурофот ва ҷаҳолатро мегузоранд. Хурофот ҷамъи хурофот, таассуб ҷамъи таассуб,   ҷаҳолатро ба вуҷуд меорад. Кӯркӯрона сангкӯбу лагадкӯб кардани як ҷавонзани бегуноҳ, бидуни пурсиш, бидуни дарки ҳақиқат ва мувоҷеҳи марги хунин гардиданаш васипас маълум шудани он ки гуноҳе надорад, чӣ камие аз терроризм дорад?

Гумон мекунед, нисбат ба онҳое, ки Фархундаи бегуноҳро  зӯран ваҳшиёна, бе ягон пурсиш аз масҷид бароварда, латукӯбу сангор карда, ҷисми нимҷонашро оташ заданд, ҳукми суд иҷро гардид?Ҳақ ба ҳақдор расид? Дареғо, ки не! Баъд аз чанде ҳукми суд оид ба қатли кушандагони Фархундаи бегуноҳ бекор карда шуд. Яъне боз ҷаҳолат ғолиб омад. Пас чӣ метавон интизор шуд аз ин ҷомеаи ҷаҳолатпараст?

Вой бар ҳоли мардуми мутаассиб! Ҳатто дар рӯзгори мо, дар кишвари ободу осоиштаи мо, бо дастрасии табибу муолиҷахонаҳое бешумор гурӯҳи хурофотпарастон қатор — қатор ба умеди шифо ва каромот дар пушти дари табибони дурӯғини авомфиреб навбат мепоянд. Пушти дари мутаассиби  бесаводе, ки  аслан оддитарин савод надорад ва ҳатто хондану навиштан наметавонад, ягон огоҳие аз олами дину ислом надорад. Ҳатто як нафари маълумотдор, мансабу курсидор, аз тарс, аз ҷаҳолати кӯр-кӯрона муриди як нафар мутаассиби ҷиноятпеша мешаваду ба ӯ қиматтарин ҳадяҳоро раво мебинад, ба ивази фиреб, фолу чашмбандиҳои дурӯғ, кӯрхатҳои бетаъсири авомфиребона. Вой бар ҳоли мо!

Оё шигифтангез нест, ки мо ҳанӯз ба пеши фолбину бахшӣ меравему “қайтарма” мекунем?!  Истифодаи кӯр-кӯронаи ин  хурофоти бегона, ки аз барбарони саҳроӣ боқӣ мондаасту имрӯз дар ягон гӯшаи дунё, ҳатто дар худашон эътибор надорад, аз ҷониби мардуми содалавҳи мо дар асри 21, дар замони дастрасии духтурони касбӣ дар тамоми гӯшаҳои кишвар, аз чӣ мегӯяд? Дод  аз ҷаҳолате, ки мо ҳанӯз гирифтори онем! Вой бар ҳоли ихлосҳои кӯр-кӯронаи мо!

Нотифоқӣ ҳамеша мағлуб аст. Наҷоти мо дар ягонагист 

Миллати соҳибтамаддун ва инсонпарвари мо дар тӯли таърихи гарону фоҷиабори худ ҳар боре, агар бохтааст, аз парешонию нотифоқӣ бохтааст.

Биёед, назаре ба таърихи дурамон  меандозем. Яке аз қаҳрамонони миллии халқи мо Спитамен, ки дар ҳифзи марзу буми ватани худ ҳамеша пирӯзиҳо ба  даст меовард ва Искандари Макдунӣ бо ҳама шаҳомату тавоноии худ наметавонист ӯро маҳв созад, оқибат аз дасти ҳамватанон асир гирифтаю ба қатл расонида шуд. Сабаб чист? Нотифоқию парешонии мардуми мо!

Қаҳрамони дигари халқи мо Деваштичи шуҷоъ низ пас аз пирӯзиҳои пай дар пай ва истодагариҳои қаҳрамонона зидди истилогарони аҷнабӣ бо хиёнати душманони дохила ба қатл расид. Сабаб чист? Нотифоқию парешонии мардуми мо!

Бубинед, охирин шоҳи сулолаи каёнӣ, Яздгирд қурбони иғво ва нотавонбинию хиёнати дохилӣ гардида, оқибат ба дасти осиёбоне кушта шуд ва ба ҳукмронии дурударози аҷнабиён дар ин сарзамини шӯҳратёри бостонӣ замина гузошта шуд. Яъне ҳар чӣ мо дар тӯли таърихи пурмоҷаромон бохтаему аз даст додаем, ба сабаби нотифоқию парешонии худамон будааст. Аз ҷумла заволи тоҷдорони каёнӣ, ки ғулғула бар афлок андохта буд, пас аз ҷилои ҳазорсолаҳо дар ин сарзамин оқибат аз дасти нотифоқӣ ва парешонӣ, ки рахна ба пояҳои давлатдории онҳо зада буд, ба амал омад. Ин аст ҳосили парокандагии халқе ё миллате!

Ин хушбахтии мост, ки оқибат пас аз асрҳои дар тасарруфи бегонагон будан, порае аз Ориёни бузург -кишвари тоҷикон ба Истиқлолияти давлатӣ расиду соҳиби тахту тоҷ ва Парчами миллии худ шуд. Истиқлолияти давлатии мо метавонад намунаи ибрати ҳамҷаворон бошад. Имрӯз Истиқлолити давлатии мо танҳо ба шарофати як нерӯ пойдор асту сол то сол қавитар мегардад. Ин неру, бидуни шубҳа, Ваҳдати миллии тоҷикон аст. Оре Пешвои хирадманди тоҷикон, ки сабақҳо аз дарсҳои таърих гирифтааст, дурандешона аввалин коре, ки кард ташкилотеро бо номи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис дод, то дар саросари кишвар ба пояи асосии истиқлолият — Ваҳдати миллӣ бунёд гузошта шавад, зеро кафолати пойдории истиқлолияти давлатии мо маҳз дар ҳамин падидаи шоистаи ватандӯстона мебошад.

Бале, Тоҷикистони азизи мо ба шарофати Ваҳдати миллӣ рӯз то рӯз, балки соат ба соат ободу зебо мегардад, сатҳи зиндагии мардум боло бардошта мешавад. Ҷои муқоиса нест, вақте мо рӯзҳои аввали истиқлолиятамонро бо имрӯз муқоиса мекунем. Чунон ки мегӯянд тафриқа аз замин то осмон аст, ҳарчанд 29 ё 30 сол дар пеши таърих муддати кӯтоҳест.

Аммо мо дар ҳамсоягии кишваре зиндагӣ мекунем, ки бароямон бегона нест, вале, бадбахтона,  ҳар рӯз аз он садои тиру таркиш, бӯи сӯхторҳи мудҳиш, бӯи хуни ноҳақ ба машом мерасад. Бист сол аст, ки дар ин кишвар оромӣ нест. Чаро? Гумон мекунам ҳамон парокандагӣ, ҳамон нотифоқӣ, ҳамон дасти душманони ислом аст, ки мазҳабро ба мазҳаб, ғояро бо ғоя, гурӯҳеро бо гурӯҳе  ҷанг меандозанд. Кори душманони ислом ва душманони миллат аст, аммо чаро халқ гирифтори он шуд, зеро халқ дар сари як андеша, дар паси як мақсаду ҳадафи бузург нест ва сабабаш ҳамин парокандагӣ, ҳамин нотифоқӣ, маҳалгароию гурӯҳбозист. Танҳо як ҳадафи бузурги миллӣ, як мақсади наҷиби бунёдкорӣ, як ғояи баланде, ки аз дилу ҷони ҳар як сокини ин сарзамин мебарояд, метавонад халқро муттаҳид ва бегазанду пойдор гардонад ва кафолати оянда, кафолатӣ будан, кафолати хушбахтиро бидиҳад. Барои далел метавон бунёди Нерӯгоҳи Роғуни моро мисол овард.

Бозмегардем ба суханони Меркел. Дар суханҳои ӯ ҷои баҳс нест, аммо ҷои савол ҳаст, ки ин хунрезиҳо , ин низоъҳоро дар байни аҳли ислом кӣ, бо чӣ мақсад роҳандозӣ мекунад?

Оё ин ҳақиқат нест, ки сол то сол сафи мусулмонон дар дунё меафзояд?! Оё ин ҳақиқат нест, ки теъдоди мусулмонон дар кишварҳои Аврупо беш аз худи аврупоиҳо мешавад? Оё ин ҳақиқат нест, ки дар оянда хатари исломӣ шудан тамоми сайёраро таҳдид мекунад? Ва шояд ҳадаф аз таҳмили ин ҷангҳо дар кишварҳои исломӣ бадном кардани ислом, бо дасти ҳамдигар куштани  мусулмонон бошад. Аммо агар ин ҷанги таҳмилӣ чунин мақсад дошт, иштибоҳе бештар набуд, зеро, баръакс, сафи мусулмононро дар Аврупо аз ҳисоби гурезагон афзунтар сохт.

Ва аммо саволи дигаре ҳам рӯ мезанад. Гаравишу гирифтории мардуми мусулмон ба ин иғвову низоъҳоро чӣ гуна метавон шарҳ дод?

Аҷиб ин аст, ки суханони Ҳаким Саноии Ғазнавӣ баъд аз асрҳо, имрӯз маврид доранд ба ёд оварем ва моро ба андешаи амиқ меандозанд, ки то куҷо мушкили ислому ҷомеа, баъд аз асрҳо, ҳанӯз вуҷуд дорад:

Мусулмонон, мусулмонон! Мусулмонӣ, мусулмонӣ!

Аз ин ойини бединон пушаймонӣ, пушаймонӣ!

Мусулмонӣ кунун исмест бар урфеву одоте,

Дареғо, ку мусулмонӣ? Дареғо, ку  мусулмонӣ?

Таҷовузи душманон маълум аст. Аммо, оё мо мусулмонон худ ҳам мусичаи бегуноҳем?! Чаро эксртемизм, терроризм ба ин қитъаҳо роҳ меёбанд? Мутаассифона, таассуби динӣ, хурофот дар ҷомеаи мо метавонанд барои ворид шудани ин зуҳуроти барои миллатамон хатарзо роҳ кушоянд. Ба андешаи мо  бояд мо дар ҷомеаи худ пеш аз ҳама пеши роҳи хурофот ва таассубро, ки ҷаҳолат мезоянд, бигирем, то мардуми моро ба гӯлу гумроҳӣ накашанд ва онҳое, ки мехоҳанд ҳаёти моро нотинҷ кунанд, метавонанд аз ин истифода баранд, чунон, ки дар оғози истиқлолият дидем.

Сабақи дарси Сулҳи тоҷикон баъд аз ҷангҳои шаҳрвандӣ метавонад бисёр чизҳоро муайян кунад, мактаби омӯзиш барои дигарон бошад, ки дар ин бора на кам навишта шудааст. Барои ворид намудани  ғояҳои номатлубу иртиҷоии худ  душман  ҷойҳои сусти ҳар миллату қавмро меҷӯяд. Ва яке аз чунин ҷойҳои суст, ба андешаи мо гирифторӣ ба таассубу  хурофот  аст. Таассуб ва хурофоте, ки халқу миллатро ба ҷаҳолат ба бесаводӣ, ба пайравии кӯркӯрона аз равиаҳои  бебунёду пурзарар мекашанд.

Ин ҷо ҳамин қадар мегӯям, ки мо бояд расму таъомул ва анъанаҳои созандаи халқи худро, ки асос ва бунёди мустаҳками маънавиёти миллатамон ҳастанд, аз таассуб ва хурофоте, ки ба ҷаҳолат мекашанд, фарқ кунем.

Дар Тоҷикистони азизи худ  аз деҳқону коргари оддиву зиёиву олим то Сарвари кишвар мо ҳама мусулмонем, мусулмони солим, на ифротгарову зиёдарав. Мусулмонии покиза ва беғараз дорад халқи мо. Аммо бо ҳадафҳое таҷовузкорона мехостанду мехоҳанд исломи ҷоҳталаб, исломи дорои ҳадафҳои сиёсиро бар сарамон аз берун таҳмил диҳанд, ки ҳаргиз хоси миллати мо набудааст.

Аминем, ки сиёсати башардӯстонаи давлату ҳукумат ва миллати некманишамонмо дар равияи  солими исломи башардӯстона  пойдор хоҳад буд.  Исломе, ки ба мо ҳамеша нерӯву бовар мебахшад, исломе, ки моро поку мубарро нигоҳ медорад, исломи хайрхоҳиву некиву адолат, исломи муҳаббат ҳамеша бо мо ва нигаҳбони мо хоҳад буд.

 ***

…Дар Самангони Афғонистон  ёдгории  сангине  бо номи «Тахти Рустам» то ба имрӯз пойбарҷост ва, ба андешаи  бостоншиносон, вай маъбадест, ки бевосита аз ҷониби Зардушт бунёд гардидааст: то ба ҳол меҳроби оташ ва курсии он маҳфуз мондааст, ки замоне дар ин  макон шуълаи гулхани бузурге забона мезад ва дар партави он Наврӯзро бо шукӯҳи хоса таҷлил менамуданд.

Устод Гулназар аз ин ёдгории қавдимӣ дидан намуда, силсилаи шеърҳо эҷод намудаанд, ки мисраи яке аз ин шеърҳо вирди забони хосу оми ин қора гардидааст: «Дар Самангон Тахти Рустам интизори Рустам аст…».

Бале Афғонистон интизори Рустам барин мардони шуҷоъ аст, ки тавонанд ба тавоноии ҷисмонӣ ва маънави рӯҳонии  худ пардаи ҷаҳолатро дар ин кишвари зебо бидаранд ва нуру зиё ва  сафою хушнудиро аз нав фурӯзон ва танинандоз   гардонанд.

                                                                                      Камол НАСРУЛЛО,  
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

Август 30, 2019 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ