«Energy.media»: Ба кор даромадани НБО «Роғун» имкон дод, ки Тоҷикистон дар истеҳсоли неруи барқ рекорд нишон диҳад

Август 1, 2019 14:26

ДУШАНБЕ, 01.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии истеҳсоли неруи барқ дар таърихи мамлакат ба қайд гирифта шуда, он зиёда аз 19,7 млрд кВт.соатро ташкил дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба портали байналмилалии иттилоотӣ-соҳавии «Eenergy.media» хабар медиҳад.

Ба иттилои «Energy.media», НБО «Роғун» дар якуним моҳи фаъолият дар ҳаҷми се маротиба зиёдтар нисбат ба тамоми неругоҳҳои барқи обии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018  неруи барқ истеҳсол намудааст.

«Дар Тоҷикистон 286 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 26,7 мегаватт фаъолият мекунанд. Ин неругоҳҳо соли  гузашта беш аз 33 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуданд»,- хабар медиҳад портали мазкур бо истинод ба  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аввалин агрегати НБО «Роғун», ки 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд, то 1 январи соли 2019 90,3 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуд.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об, соли сипаригардида дар Тоҷикистон  маҷмӯан ҳаҷми рекордии истеҳсоли неруи барқ дар таърихи мамлакат ба қайд гирифта шуда, он ба зиёда аз 19,7 млрд кВт.соат расид.

Соли 2018 истеҳсоли неруи барқ дар ниҳодҳои тобеи «Барқи тоҷик» ба зиёда аз 16,2 млрд кВт.соат расид, ки аз ин бештар аз  2,4 млрд. кВт.соат ба НБО «Сангтўда-1», 826,4 млн. кВт. соат ба НБО  «Сангтўда-2» ва 184 млн. кВт. соат ба ширкати «Помир-Энерҷӣ» рост меоянд.

Зимнан, истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,  тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ин самт яқ зумра тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Маҳз бо талошу роҳнамоиҳои пайваста ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат барои расидан ба ин ҳадафи стратегии худ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Бешак, метавон гуфт, ки маҳз НБО «Роғун» метавонад барои расидан ба ин ҳадафи олӣ имконият фароҳам оварад.

Тавре Сарвари давлат зимни яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд: «Нури «Роғун» дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад».

Ёдовар мешавем, ки агрегати нахустини НБО «Роғун» дар навбати аввал бо иқтидори истеҳсолии  100 МВт фаъолият намуда, бо зина ба зина бо боло рафтани сатҳи об дар обанбор  ин иқтидор ба нишондоди лоиҳавӣ – 600 МВт мерасад. Дар назар аст, ки ин рӯйдод  соли 2033 ба амал ояд.

Август 1, 2019 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад