Имрӯз Анҷумани V маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» оғоз гардид

Август 12, 2019 08:54

ДУШАНБЕ, 12.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 август Анҷумани V маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» оғоз гардид.  Дар  Анҷумани мазкур беш  аз 80 нафар  намояндагони  маҳфил- аъзои Шӯро ва ҷавонони фаъол иштирок доранд.

Тавре роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» Каримҷон Салимзода  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, иштирокчиёни Анҷуман  зимни сафар  ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ, шаҳри  Панҷакент, Истаравшан ва Гулистон дидан намуда, бо мавзеъҳои таърихии ин шаҳру ноҳияҳо аз наздик шинос мегарданд.

Ба зикри номбурда, дар ҷараёни Анҷумани V маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»  баргузории тренинги омӯзишӣ дар бораи тартиби баргузории чорабинӣ ва таҳияи нақша-чорабиниҳои мухталиф дар хориҷи мамлакат, Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар муарррифии имкониятҳои сайёҳиву таърихӣ дар хориҷи мамлакат: Саразм  оинаи ҷаҳоннамои таърихи миллати тоҷик»,  семинари омӯзишӣ дар мавзӯи муқовимат ба савдои одамон ва роҳҳои пешгирии он бо усули муосир дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ бо истифодаи муносибатҳои байналмилалӣ, тренинги омӯзишӣ дар бораи таҳияи варақаи иттилоотӣ, роҳҳои васеъ инъикос намудани чорабиниҳо, кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ, фарҳанги дуруст истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаи фарҳангӣ- фароғатии «Шоми ҷавонӣ» дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили  «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади дӯсту муттаҳидгардонии ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ва баррасии мушкилоти онҳо  таъсис ёфтааст.

То   имрӯз намояндагии маҳфил дар 16 давлат фаъолияти худро ба роҳ монда,   он дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат  дар баррасии мушкилоти илмомӯзии донишҷӯёни тоҷик ва дигар масъалаҳои ба ҳаёти онҳо марбут мусоидат менамояд. Ҳоло   шумораи аъзои маҳфил ба зиёда аз 30 ҳазор нафар расида,  бо мақсади натиҷагирии фаъолияти кори маҳфил ҳамасола  дар ҷумҳурӣ Анҷумани маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор карда мешавад.

Август 12, 2019 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд