ЛИБОСИ ЯГОНА МАКТАББАЧАГОНРО ХУШБИН ВА БОИНТИЗОМ МЕГАРДОНАД. Ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо то охири август идома меёбад

Август 14, 2019 11:21

ДУШАНБЕ, 14.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ҷараён дорад. Ярмаркаи мазкур аз аввали моҳи август оғоз гардида, то охири моҳ идома меёбад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ “Ховар”.

Тавре сармутахассиси шуъбаи саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурауф Пулодзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, айни замон дар мамлакат 53 корхона барои истеҳсоли либоси мактабӣ фаъолият дошта, дар шаш моҳ 401 ҳазор дона либосҳои мактабӣ истеҳсол намудаанд.

Ба иттилои номбурда, корхонаҳои калонтарини мамлакат- ин ҶДММ «Ёқут-2000», ҶДММ «Нассоҷии тоҷик»-и шаҳри Душанбе, ҶДММ «Ҳусния-Б»-и ноҳияи Ҷ.Расулов, ҶДММ «Когоҳи дӯзандагӣ»-и шаҳри Бохтар, ҶДММ «Кохи бонувон»-и ноҳияи Дарвоз ва дигар корхонаҳои истеҳсоли либоси мактабӣ  мебошанд, ки сокинони мамлакатро бо либос ва маҳсулоти ватанӣ таъмин менамоянд.

Сокини шаҳри Душанбе Ороста Маҳмадуллоева иброз медорад, ки “се фарзандам дар мактаб таҳсил мекунанд, шавҳарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Солҳои қабл барои фарзандонам аз бозорҳои шаҳр бо нархи гарон, ки ба гуфти савдогарони бозор «аз брендҳои машҳуранд», либоси мактабӣ харидорӣ менамудам. Вақте либосро мепӯшиданд, баъдан паст будани сифати он маълум мегардид. Имсол ба фарзандонам аз корхонаи истеҳсоли либоси мактабии «Ёқут-2000» ба андозаи худашон бо нархи арзон ва матои пахтагин либоси мактабӣ фармоиш додам. Либоси мактабии андозаи 28 барои писарон бо нархи аз 157 сомонӣ, андозаи 28 аз  матои хушсифат – аз 235 сомонӣ, либоси духтарона аз 126 сомонӣ  боло фурӯхта мешаванд”.

Ҳамсуҳбати мо Абдурауф Пулодзода мегӯяд, ки истеҳсоли васеи либосҳои мактабӣ ва бачагона яке аз бахшҳои муҳими саноати дӯзандагӣ ба ҳисоб рафта, рушди минбаъдаи он метавонад барои таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва дар ин замина, ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ таъсири мусбат расонад.

Сардори коргоҳи дӯзандагии ҶДММ «Ёқут-2000» Мунира Исмоилзода иброз намуд, ки “мо матоъро аз корхонаи “Нассоҷии Хуҷанд” дастрас намуда, либоси мактабӣ истеҳсол мекунем. Либосҳои дӯхтаи мо аз 150 то 200 сомониро ташкил дода, бештарашон аз тарафи муштариён фармоиш дода мешаванд”.

Тавре иттилоъ доданд, корхона бо шуъбаҳои маорифи чор ноҳияи шаҳр шартнома дошта, тибқи дархости онҳо либоси мактабӣ истеҳсол мекунад. Ҳамзамон хонандагони мактабҳои ноҳияҳои А.Ҷомӣ ва Балҷувон  бо либоси мактабӣ таъмин мешаванд.

Бояд зикр кард, ки  2 майи соли 2001 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки фурӯши онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд», тасдиқ гардид. Қарори мазкур бо мақсаде таҳия гардидааст, ки фурӯши либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод гардида,  нархи онҳо паст карда шавад, то мардум ба он дастрасӣ дошта бошанд.

Мавриди зикр аст, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”соли 2007 ба тасвиб расида, ба  тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардид. Дастурамали мазкур намудҳои тавсиявии либосҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро чунин муайян менамояд:

-Пӯшидани либосҳои тавсиявӣ баробарии хонандагонро дар муассиса таъмин намуда, бояд аз матоъҳои пахтагину пашмӣ ва абрешим омода карда шаванд. Барои ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ нарасонидан аз истифодаи матоъҳои сунъӣ (синтетикӣ) худдорӣ карда мешавад.

-Ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва тоқӣ дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад. Ҳамаи хонандагон ҳангоми ба дарс омадан бо худ сумка, портфел ё худ ҷузвдон мегиранд.

-Ҳангоми сард будани синфхонаҳо дар дарс ба хонандагон бо либоси гарми зимистона (камзӯлча, палто, жемпер ва куртка) нишастан тавсия дода мешавад.

-Инчунин ба духтарон пӯшидани домани сиёҳ ё ҷигарии аз зону поёни пахтагин, куртаи беостин ва остиндароз, костюми сиёҳ ва ҷигарӣ, куртаи сафед, колготкаи сафед ва ё ҷӯроби сафед, куртаҳои якранг ва арзони миллии пахтагин, рӯймоли миллие (ихтиёрӣ), ки бо ранги либоси дар тан доштаи духтарон мувофиқат намояд.

Ба писарон шиму костюми сиёҳ, сурхи ҷигарӣ бо куртаи сафед ва ё кабуди осмонӣ, инчунин пойафзоли якранг мувофиқ ба сарулибос тавсия дода мешавад.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, соли таҳсили 2018-2019 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 млн 970 нафар хонанда таҳсил доштаанд. Шумораи онҳо дар соли таҳсили 2019-2020 1,9 млн ва  талабот ба либоси мактабӣ 985 ҳазор донаро ташкил медиҳад.

Ба ақидаи коршиносон ва мутахассисони соҳаи таълиму тарбия,  пӯшидани либоси ягона мактаббачагонро аз дигар қишри ҷомеа фарқ кунонда, ба онҳо ҳисси баланди хештаншиносию ватанпарварӣ  мебахшад,  водор мекунад, ки хушбин ва боинтизом бошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз таҷрибаи давлати мо истифода бурда, либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ намуд. Солҳои гузашта либоси мактаби ихтиёрӣ буд ва шурӯъ аз соли хониши 2019-2020 либоси ягонаи мактаби ҷорӣ гардидааст.

  Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
  АМИТ «Ховар»

Август 14, 2019 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд