Майдончаи варзишӣ-сеюмин туҳфаи Агентии назорати маводи нашъаовар ба сокинони шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 16.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боз як майдончаи нави варзишӣ ва бозии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, майдончаи мазкур дар кӯчаи Туниси ин ноҳия аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар маросими кушодашавии он директори Агентӣ Шерхон Салимзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода ва дигарон иштирок намуданд.
Ин сеюмин майдончаи варзишиест, ки бо қувваи кории кормандони Агентӣ дар пойтахти мамлакат бунёд мегардад. Майдонча пурра бо шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакону сокинон таъмин мебошад.
Дар майдончаи варзишӣ ҷой барои бозию дилхушии кӯдакон, тамрини бадан барои калонсолон, футболи хурд, волейбол, баскетбол ва сайру гашти сокинони маҳалла бунёд гардидааст. Ҳудуд ва атрофи майдонча сабзкорӣ шуда, дар он дарахтони сояафкан, аз ҷумла 165 дарахти арча шинонида шудааст, ки ин мавзеъро боз ҳам зебову назаррабо менамоянд.
Майдонча бо харҷи 654 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, масоҳати он 3206,00 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Сокинони маҳалла ин иқдомро самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба аҳолӣ, махсусан ҷавонон, ки насли ояндасози мамлакат ба ҳисоб мераванд, маънидод намуданд.











Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии мактаб бо 16 синфхона барои 800 хонанда оғоз шуд
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан бунёди иншооти соҳаи маориф идома дорад
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд






