ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 225-умин рӯзи соли 2019 аст

Август 13, 2019 08:00

13 августи соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави 220-киловолтаи тақсимоти барқ, ки бо навтарин технологияи аврупоӣ бунёд ёфта буд, ба кор дароварда шуд.

***

6 сол пеш, 13 августи соли 2013 дар маркази шаҳри Норак Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.

13 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тунис – Рӯзи занон.

***

Дар  Замбия – Рӯзи ҷавонӣ.

РӮЙДОДҲО:

13 августи соли 1937 Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт.

 ***

13 августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

151 сол муқаддам, 13 августи соли 1868 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар сарҳади ду давлат Эквадор ва Перу зиёда аз 25 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, дар ин кишварҳо 300 миллион доллари америкоӣ хисорот ба қайд гирифта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1932 дар Рим аввалин санҷиши пахши кӯтоҳи мавҷи радио гузаронида шуд.

***

13 августи соли 1941 дар Канада Корпуси ҳарбии занона таъсис ёфт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1907 дар Ню-Йорк аввалин такси ба кор оғоз намуд.

 ***

Соли 1928 дар Москва аввалин ҷашнвораи варзишии умумииттифоқӣ баргузор гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

 

Август 13, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш