ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, душанбе, 238-умин рӯзи соли 2019 аст

Август 26, 2019 08:00

26 августи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳайати расмии Иёлоти Муттаҳидаи Америка пули азими миёни Тоҷикистону Афғонистонро расман ифтитоҳ намуданд.

***

8 сол пеш, 26 августи соли 2011 роҳи мошингарди Душанбе — Рашт — Ҷиргатол — сарҳади Қирғизистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари номдори мамлакат Дилшод Назаровро, ки баъди иштирок ва ба даст овардани медали тиллои Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 дар бахши гурзандозӣ ба Душанбе баргашт, ба ҳузур пазируфта,  ба ӯ 300 000 (сесад ҳазор) сомонӣ тақдим намуданд.

26 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Аргентина — Рӯзи актёрон.

***

Дар Намибия – Рӯзи қаҳрамонон.

***

Дар ИМА – Рӯзи баробарҳуқуқии занону мардон.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2016   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вазъияти тантанавӣ Дилшод Назаровро барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ- Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардониданд.

***

26 августи соли 1926 дар Италия клуби футболи «Фиорентина» таъсис дода шуд.

***

37 сол пеш, 26 августи соли 1982 дар Аргентина манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бекор карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1991 Парлумони Молдова декларатсия оид ба истиқлолияти ин кишварро қабул намуд.

 ***

26 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи  «Тағйирёбии иқлим ва механизмҳои мутобиқатшавӣ» конференсияи минтақавӣ баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1867  дар Париж аввалин конгресси байналмилалии тиббӣ баргузор гардид.

***

Соли 1955 шабакаи телевизионии NBC аввалин маротиба дар ҷаҳон пахши рангаи гузориш аз мусобиқаи теннисро ба роҳ монд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Август 26, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш