ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, душанбе, 217-умин рӯзи соли 2019 аст

Август 5, 2019 08:00

5 августи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила»-ро имзо намуданд.

***

9 сол пеш, 5 августи соли 2010 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз рўи ҷамъбасти мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон изҳороти матбуотӣ баён намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя- Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ намуданд.

5 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии чароғаки роҳ (светофор).

***

Дар Хорватия – Рӯзи миннатдорӣ ба ғалаба ва шарофати Ватан.

РӮЙДОДҲО:

5 августи соли 2009 Ассотсиатсияи байналмилалии Федератсияи  футбол (ФИФА) рейтинги нави дастаҳои миллиро нашр намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар миёни 203 давлат мақоми 155-умро соҳиб гашт.

***

5 августи соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли маҳсулоти Тоҷикистону Кипр «Стар Мост» ба фаъолият оғоз кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе  Амфитеатр ба истифода дода шуд.

***

133 сол муқаддам, 5 августи соли 1886 дар ИМА аввалин шумораи рӯзномаи «Америка» бо забони украинӣ нашр шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1924 дар Туркия бисёрзанӣ манъ карда шуд.

***

5 августи соли 1949 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Перу зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

5 августи соли 1999 Эквадор, Ирландия, Казоқистон, Малайзия ва Тунис барои беяроқгардонии кишварҳояшон ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид шомил шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1891 аввалин маротиба дар Америка расиди сафарии «американ экспресс» ба роҳ монда шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Август 5, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш