Тафсири сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2019

Август 20, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 20.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи ҳафт моҳи соли равон қурби расмии пули миллӣ-сомонӣ  нисбат ба доллари ИМА бетағйир боқӣ монда, дар ин давра ба 9,4286 сомонӣ  баробар гардида, 0,1 фоиз коҳиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба андозаи 6,7 банди фоизӣ кам мебошад. Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Бонки миллии Тоҷикистон соли равон тибқи муқаррароти «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва давраи миёнамуҳлат» сиёсати қурбии ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда» асосёфтаро амалӣ карда истодааст.

Новобаста аз тағйирёбии муътадили қурби расмӣ дар ин давра, норасоии доллари нақди амрикоӣ дар бозори дохилӣ ва чун натиҷа баланд гардидани қурби фурӯши он дар бозори ғайрибонкӣ ба амал омад.

Ҳолати мазкур талаботи доимии ба асъор ҷойдоштаро зиёдтар гардонида, ба ҳаннотон ва дигар манфиатдорон имконияти афзун гардонидани фишорҳои қурбӣ ва тезонидани раванди беқурбшавии сомониро муҳайё сохт.

Дар ин асос фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрибонкӣ меъёри муқарраршудаи 2-фоизаро гузашта, аз 2,8 фоизи 1 феврали соли 2019 то ба 6,1 фоизи  15 майи соли 2019 зиёд гардид.

Яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани талабот ба доллари нақди ИМА- ин афзоиши тавозуни манфии савдои мамлакат, коҳиши вуруди интиқоли пулӣ ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо мебошад, афзуд сарчашма.

Аз муроҷиати корхонаву ташкилот ва истеҳсолкунандагони ватанӣ маълум мегардад, ки масъалаи норасоии асъори хориҷӣ яке аз мушкилоти асосии пешбурди фаъолияти самараноки онҳо гардидааст. Дар ҳаҷми пурра қонеъ нагардидани талаботи мизоҷон  ба доллари ИМА аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ онҳоро маҷбур месозад, ки бо мақсади нагирифтани зарар аз фаъолият ба бозори ғайрибонкии асъор рӯ оваранд.

Айни замон бинобар зиёд будани фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои ғайрибонкӣ аксари мизоҷон хоҳиши мубодила кардани маблағҳои асъории дар суратҳисобҳои бонкӣ доштаи худро надоранд, ки ин сабаби   ғайрифаъол ва берун аз гардиш мондани ҳаҷми муайяни маблағҳои асъорӣ мегардад.

Чунончӣ, аз оғози сол то имрӯз ҳаҷми фурӯши доллари ИМА (ғайринақдӣ ва нақдӣ) аз ҷониби мизоҷони ташкилоти қарзӣ ба андозаи 25,1 фоиз ва аз ҷониби аҳолӣ ба андозаи 28,6 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст.

Бояд гуфт, ки намояи қурби самараноки воқеии (НҚСВ) сомонӣ ба ҳолати 1 июли соли 2019  дар натиҷаи мутобиқшавии қурби пули миллӣ нисбат ба асъорҳои асосии хориҷӣ тамоюли болоравӣ нишон дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 банди фоизӣ устувор гардид. Раванди мазкур ба рақобатпазирии истеҳсолоти дохилӣ нисбат ба шарикони асосии савдо ва ба ин васила ба вазъи тавозуни пардохт таъсири манфӣ мерасонад.

Тибқи маълумоти ҷамъбастии оморӣ, сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-июни соли 2019 ба 4,9 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,9 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сохтори таваррум болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 8,1 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,2 фоиз ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,3 фоиз  саҳмгузорӣ намуданд.

Сатҳи таварруми аслӣ, ки раванди дарозмуддат ва бидуни лаппишҳои кӯтоҳро нишон медиҳад, бо ифодаи солона ба 2,1 фоиз баробар гардид, ки ин аз маҳдуд будани таъсири омилҳои монетарӣ гувоҳӣ медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон соли равон бо истифода аз тамоми манбаъ, имконияту воситаҳо, аз ҷумла механизми хариду фурӯши рубли русӣ, норасоии асъор ва фишорҳои қурбиро коҳиш дода, дар баробари ин иҷрои уҳдадориҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаи давлатро таъмин намуда истодааст.

Зикр намудан зарур аст, ки гузариш ба реҷаи «ҳадафгирии таваррум» дар амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, ки аз соли 2018 оғоз гардидааст, аз Бонки миллии Тоҷикистон истифодаи механизм ва усулҳои ба он мутобиқро талаб менамояд.

Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон дахолатҳои асъории худро  тавассути татбиқи усулу воситаҳои иқтисоди бозоргонӣ, аз ҷумла бо истифода аз механизми мутамаркази хариду фурӯши рубли русӣ ва барориши коғазҳои қиматнок анҷом дода, фаъолияти бозорро ба танзим медарорад.

Ба ин нигоҳ накарда, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ боқӣ мондааст ва бинобар ин, барои бартараф кардани он амалӣ кардани як қатор чораҳои иловагӣ зарур аст.

Аз ҷумла, барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2-фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани чунин фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА ба мақсад мувофиқ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии мамлакат бештар гардида, шаффофияти амалиёт бо мизоҷон таъмин карда шавад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад. Ҳамзамон мутавозунии қурби пули миллӣ ба зиёд шудани ҳаҷми содирот ва воридот мусоидат намуда, бевосита боиси афзудани даромади буҷети давлатӣ низ мегардад.

Соли гузашта коҳиши қурби асъори миллӣ дар минтақа назаррас буд ва аксар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ тавассути тасҳеҳи сиёсати қурбӣ тағйирёбии арзиши пули миллияшонро ба танзим дароварданд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо тамоми масъулият вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорат қарор дода, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода хоҳад бурд.

Август 20, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.7227 то 11.8100 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2024 ҳолати мелиоративии 9811 гектар замини кишоварзӣ беҳтар карда мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд
Дар ноҳияи Ашт 20 000 гектар боғи зардолу мавҷуд аст
АВЛАВИЯТ БА КИШТИ КАРТОШКА. Дар Панҷакент кишти картошка зери назорати пайваста қарор дорад
Тоҷикистон ва Чин ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои авлавиятноки саноат баррасӣ намуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Борони зиёд боиси камҳосилии дарахтон мегардад
Дар шаҳри Пекин густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо ҷараёни кишти картошка шинос гардид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
Озарбойҷон ҳамкориро бо вилояти Хатлони Тоҷикистон тақвият медиҳад