Тоҷикистон ва Эрон зарурати истифодаи зарфиятҳои зиёди ҳамкории иқтисодию сармоягузориро таъкид намуданд
ДУШАНБЕ, 01.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Теҳрон 31 июл мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири иқтисод ва дороии Эрон Фарҳоди Дижписанд баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба маълумоти манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо зарурати истифодаи зарфиятҳои зиёди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Эронро таъкид карданд. Ҷиҳати густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар такмил ва тавсеаи заминаи шартномавии ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкӣ, сармоягузорӣ, бима ва гумрук салоҳи кор дониста шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мушаххаси робитаҳои ниҳодҳои иқтисодиву молиявии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар фарҷоми мулоқот ҷониби эронӣ роҳбарони вазоратҳои марбутаи Тоҷикистонро ба Теҳрон даъват карда, изҳори боварӣ намуд, ки ин сафарҳо ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявӣ миёни ду давлат мусоидат мекунанд.








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






