То соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат бояд ба 22 фоиз расонида шавад
ДУШАНБЕ, 26.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 22 фоиз расонида шавад. Ин нукта дар конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ки имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Дастоварду самтгирии стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: сиёсат, иқтисодиёт ва ҷараёнҳои иҷтимоӣ» доир гардид, зикр шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, таҳлилгарону коршиносон дар ҷараёни конфронс дастоварду самтгирии стратегии рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, сиёсати пулию қарзӣ, энергетика, саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллии мамлакатро таҳлил ва баррасӣ намуданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқҷон Абдукаримзода зикр намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 пешбинигардида равона кардаанд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва
дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, гузариши иқтисодиёти давлатро аз модели аграрӣ — индустриалӣ ба индустриалӣ — аграрӣ аз ҳадафҳои стратегӣ ва миллӣ эълон намудааст.
Хусусан ҳадафи чорум эълон гардидани саноатикунонии мамлакат ба рушди иқтисодиёти давлат, бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти дар бозор рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда, дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст. Дар иртибот ба саноатикунонии мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, барномаҳо, аз қабили барномаи соҳаи металлургияи ранга, саноати сабук ва пилла, барномаи рушди қолинбофӣ таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тасдиқ шудаанд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бои табиӣ мебошад, ки барои коркарди онҳо ва омода намудани маҳсулоти ватанӣ бояд усулҳои нави менеҷмент ҷорӣ гардида, тайёр кардани мутахассисони ҳирфаӣ, воридоти технологияҳои муосир ва ҷалби сармояи хориҷӣ зарур аст.
Иштирокдорони конфронс ҳамзамон доир ба мониторинги рушд бо истифода аз нишондиҳандаҳо ва индикаторҳо дар миқёси мамлакат ва минтақаҳо, стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ то ба давлати транзитӣ табдил ёфтан, моделҳои ояндабинии сатҳи амнияти озуқаворӣ ва мониторинги раванди иҷрои нақшаҳо, барномаю стратегиҳои таъмини амнияти озуқавории мамлакат, муаммоҳои иҷрои Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.










Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






