Ҷумъахон Давлатзод: Дар Тоҷикистон сафи бонувон дар хизмати давлатӣ аввал ба 25 ва сипас ба 40 фоиз расонида мешавад

Август 1, 2019 13:10

ДУШАНБЕ, 01.08.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз масъулини Агентӣ  якчанд нақшаҳоро рӯи даст гирифта, кӯшиш доранд сафи бонувонро дар хизмати давлатӣ аввал ба 25 ва сипас ба 40 фоиз   расонанд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумъахон Давлатзод   иброз намуд.

Зикр шуд, ки мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ аз ҳисоби занон 23,5 фоиз ва аз ҳисоби ҷавонон 47 фоизро ташкил медиҳад. Ин масъала  зери таваҷҷуҳи  ҳамешагии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт корҳо идома доранд.

Ҷумъахон Давлатзод гуфт, ки  ҳоло  аз тарафи масъулин барои ба  хизмати давлатӣ ҷалб намудани бонувон  таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.   То 1 июл шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон 4 ҳазору 432 нафар буда, дар семоҳаи охир  шумораи онҳо 32 нафар афзоиш ёфтааст. Вале   ин шумора нисбат ба соли гузашта  25 нафар кам буда, дар ин самт  пасту баландшавӣ  ба мушоҳида мерасад.

«Имрӯз Агентии хизмати давлатӣ   дар назди мақомоти давлатӣ ҷиддӣ масъалагузорӣ  намуда, барои  занон  имтиёзҳо муқаррар кардааст. Тибқи имтиёзҳои муқарраргардида,  занҳое, ки бори  аввал ба хизмати давлатӣ ҳуҷҷат месупоранд,  зимни озмун ба онҳо 3 холи иловагӣ дода мешавад.  Ҳоло бо истифодаи 3 холи иловагӣ дар шашмоҳаи якум 36 нафар бонувон ба хизмати давлатӣ ворид карда шудаанд.»,- гуфт номбурда.

Дар масъалаи  ҷавонгардонии хизматчиёни давлатӣ  директори Агентии хизмати давлатӣ иброз дошт, ки  дар ин самт низ ягон мушкилӣ ба назар намерасад.  Ҷавонгардонии ҳайат  барвақт шурӯъ шуда, дар ҳоли афзоиш аст. Ҳоло шумораи ҷавонон дар сафи хизматчиёни давлатӣ ба 8 ҳазору 871  нафар расидааст, ки ин 47 фоизро ташкил медиҳад. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 15 нафар зиёд ба қайд гирифта шудааст.   Дар мақомоти марказӣ 52 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд ва синни миёнаи хизматчии давлатӣ дар Ҷумҳурии Точикистон ба 37,5 баробар шудааст.

Бояд гуфт, ки методикае, ки  дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат  роҳандозӣ шудааст, натиҷаи хуб ба бор оварда, тамоми таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва хусусан  бонувон  равона гардидааст.

 

Август 1, 2019 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст
ОГОҲӢ. 16-17 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад