ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Боз се Маркази саломатии деҳот дари худро ба рӯи ниёзмандон кушоданд

Сентябрь 7, 2019 10:43

ДУШАНБЕ, 07.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи  истиқболи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ду адад ва дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон як  Маркази саломатии деҳот дари худро ба рӯи ниёзмандон боз карданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, марказҳои саломатии Ғалаба ва Ғайрат, ки дар ноҳияи Фархор воқеъ мебошанд, дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаркунии сифати хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии моливии Бонки ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Ин ду бинои замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ, таҳлилгоҳҳо ва ҷиҳози махсус барои муассисаҳои тандурустӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Марказҳои саломатӣ тибқи  нақшаи ягона бунёд гардида, дорои 6 ҳуҷра, аз ҷумла қабулгоҳ, ҳуҷраҳои эмгузаронӣ, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ ва таҳлилгоҳ мебошанд.

Барои ин ду маркази саломатӣ 85 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ    ва 24 намуд ҷиҳози тиббӣ, аз ҷумла ҷевон, мизу курсӣ ва лавозимоти дигар  харид ва пешниҳод шудаанд, ки  барои кори хуби табибон мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин дирӯз дар доираи барномаҳои идона  дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Маркази саломатии деҳоти Чормағзак ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ба истифода додани Маркази саломатии навбунёд, ки тамоми аҳолии ҷамоати деҳотро ба ҳам овард, инчунин маросими хатнаи чанде аз тифлакони деҳа дар муҳити идона баргузор карда шуд.

Маркази саломатии мазкур яке аз 37 маркази саломатии деҳотест, ки дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Маркази саломатии Чормағзак дар асоси нақшаи ягона бунёд гардида, дорои 6 ҳуҷра, аз ҷумла қабулгоҳ, ҳуҷраҳои эмгузаронӣ, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ ва таҳлилгоҳ мебошад.

Табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки тӯли солҳо дар биноҳои фарсуда ва шароити номусоид ба мардум хизмат мерасониданд, аз фаъолият дар биноҳои замонавии дорои таҷҳизоти тиббӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд бо кӯшишу ғайрати дучанд ба мардум хизмат мерасонанд.

Сентябрь 7, 2019 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд