Ҷамила Байдуллоева: «Ҳавои ғуборолуд то 24 сентябр боқӣ мемонад»
ДУШАНБЕ, 23.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва қисман ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш ва ғуборолуд шуд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, чунин вазъи ҳаво то пагоҳ, 24 сентябр боқӣ мемонад.
Тавре сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, сабаби чунин вазъи ҳаво муддати тӯлонӣ наборидани борон дар қисмати шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҷануби вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад.
Ба гуфтаи мавсуф, инчунин ҳавои сарде, ки аз минтақаи ҷанубу ғарб тавассути минтақаҳои қисмати аврупоии Россия ба Тоҷикистон ворид гардид, сабаби шиддат гирифтани шамол дар қисми зиёди минатқаҳои ҷанубии вилояти Хатлон шуд.
«Резиши чангу ғуборҳое, ки дар ин ё он минтақа ба қайд гирифта мешавад, хусусияти муваққатӣ дорад. Баъд аз гузашти ин вазъ табиист, ки ҳолати ҳаво тағйир меёбад»- афзуд Ҷамила Байдуллоева.
Ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Ҷамолиддин Раҳмонов гуфт: «Боду ҳавои ғуборолуд ба системаи нафаскашӣ ва дилу рагҳои хунгард таъсири манфӣ мерасонад».
Аз ин лиҳоз, — гуфт мавсуф,- нафароне, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас, бронхитҳои намуди аллергетикӣ, бемориҳои алергетикии роҳҳои болоии нафасанд, дар чунин вазъи ҳаво бояд эҳтиёткор бошанд. Зеро нафаскашии ин гуна беморон аз ҳавои чангу ғуборолуд сабаби хуруҷи бемориашон мегардад.
Мутахассиси соҳаи тиб тавсия медиҳад, ки нафарони ба бемориҳои болозикр гирифтор бояд ҳангоми ба кӯча баромадан аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.
«Дар муҳити хона дару тирезаҳоро маҳкам намуда, тез-тез рӯбучин ва муҳитро намнок бояд кард. Аз ҷониби дигар, ба нафарони бемор тавсия дода мешавад, ки бе зарурат аз хона набароянд. Инчунин нафарони ба ин бемориҳо мубтало дар сурати хуруҷи бемориҳои худ бояд зуд ба мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат намуда, ёрии аввалиндараҷаи зарурӣ гиранд»,-илова намуд Ҷамолиддин Раҳмонов.








Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид






