Ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 58 адад дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ аз Давлати Кувайт ворид гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Давлати Кувайт ба муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон 58 адад дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ тақдим намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дирӯз дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат ва меҳмонон аз Давлати Кувайт маросими супоридани кумакҳои техникию тиббии ин давлат, ки аз дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ иборат буданд, баргузор шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маросим Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси муассисаи хайриявии исломӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода ва дигар меҳмонон аз давлати Кувайт иштирок намуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Насим Олимзода миннатдории вазоратро барои ҳамкории мутақобилан судманд ба Давлати Кувайт изҳор дошта, зикр намуд, ки саҳифаи тозаи муносибатҳои дуҷонибаи ду мамлакатро сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати Кувайт, ки 23 июни соли 2013 ба вуқӯъ пайваст, боз намуд. Зимни ин сафар «Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ» ба имзо расонида шуд, ки дар доираи он ҳамкории пурсамари дуҷониба сол то сол рушду тақвият меёбад.
Н. Олимзода иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои босамар ва мақсаднок истифода бурдани таҷҳизоти мазкур тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Ҳамчунин мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси муассисаи хайриявии исломӣ Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ изҳор намуд, ки «ҳамин ҳамкории созанда ва дӯстона моро бо ҳам овардааст. Ин ҳамкорӣ ба манфиати ҳар ду давлат аст. Ҳадафи асосии ташкилоти мо расонидани кумак ба кишварҳои мусалмоннишин мебошад. Бовар дорам, ки минбаъд низ ҳамкории мо идома хоҳад ёфт».
Ҳамчунин раиси ташкилоти хайриявии байналхалқии «Ассалом» аз давлати Кувайт доктор Навир ал-Амр низ аз ҳамкории мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ кард.
Ба иттилои мудири шуъбаи ҷарроҳии дили Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо Шамсиддин Бурҳонов, 58 адад таҷҳизот ба марказ ворид шудаанд, ки аз байни инҳо дастгоҳи ЭКМО нахустин бор ба ҷумҳурии мо дохил шудааст.









Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






