Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран Прии Тошканд сазовори медали нуқра гардид

Сентябрь 24, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони   шинохтаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода    дар  мусобиқаи  Гран-прии дзюдо, ки 20-22  сентябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон доир гардид, медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора  намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар  дод.

Тибқи иттилои манбаъ,   Беҳрӯз баъди чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Россия, Британияи Кабир, Қазоқистон ва Шведсия ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз паҳлавони ӯзбек Ҳикматуллоҳ Тӯраев мағлуб шуд.

Бояд зикр кард, ки дар Гран-прии Тошканд 421 нафар варзишгар (231 мард ва 190 зан) аз 70 кишвар иштирок карданд. Мусобиқа байни мардон дар ҳафт вазн: 60, 66, 73, 81, 90, 100, беш аз 100 кг ва миёни занон низ дар ҳафт вазн: 48, 52, 57, 63, 70, 78, беш аз 78 кг сурат гирифт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар шомил буд, ки аз рӯи ҳамаи дараҷаи вазнҳо миёни мардон рақобат карданд: Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-60 кг), Ёқубҷон Боқиев (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Садр Боев (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шарифҷон Назриев (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Шакармамад Мирмамадов (+100 кг).

Темур Раҳимов, ки аз панҷ қувваозмоӣ дар сетоаш бар рақибонаш аз Венгрия, Ӯзбекистон ва Британияи Кабир ғолиб омада, дар ду рақобат аз гӯштингирони Австрия ва Украина шикаст хӯрд, мақоми панҷумро касб намуд.

Муҳаммад Маҳмадизода, ки аз чаҳор қувваозмоӣ дар дутоаш бар рақибонаш аз Ҳиндустон ва Украина пирӯз шуда, дар ду рақобат аз варзишгарони Ӯзбекистон ва Тайпейи Чин мағлуб гашт, мақоми ҳафтумро соҳиб шуд.

Вале паҳлавонони дигар тоҷик дар даври муқаддамотӣ ба нокомӣ дучор шуда, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Барои ҷойи якум се ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм ду ҳазор доллар, барои ҷойҳои сеюм ҳазордолларӣ супурда шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ  дастаи  мунтахаби Россия бо касби 7 медал (5 тилло ва 2 нуқра) мақоми аввалро аз худ кард. Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 7 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва  дастаи мунтахаби Австрия бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 биринҷӣ) ҷойи сеюмро гирифтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як медали нуқра, инчунин як ҷойи панҷуму як ҷойи ҳафтум дар ҷойгоҳи 12-ум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо  дар Тошканд бе медал монда буданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар дохил буд, ки 12 нафари онҳо дар сабқати мардон ва 2 нафар дар сабқати занон ширкат варзиданд.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии  дзюдо дар Тошканд:

Мардон
60 кг
1. АБУЛАДЗЕ Яго (Россия)
2. КОГА Ҳенке (Япония)
3. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Ӯзбекистон)
3. ЯНГ Юнг Вей (Тайпей)

66 кг
1. ШАМИЛОВ Яъқуб (Россия)
2. АИДА Юҷи (Япония)
3. АБДУЛМАВГОУД Маҳамед (Миср)
3. НУРУЛЛОЕВ Сардор (Ӯзбекистон)

73 кг
1. ТУРАЕВ Ҳикматуллоҳ (Ӯзбекистон)
2. ХОҶАЗОДА Беҳрӯз (Тоҷикистон)
3. СИЛОҒЛУ Битал (Туркия)
3. ЭСТРАДА Магдиел (Куба)

81 кг
1. БОЛТАБОЕВ Шарофиддин (Ӯзбекистон)
2. РАСУЛОВ Камодиддин (Ӯзбекистон)
3. БОРЧАШВИЛИ Шамил (Австрия)
3. ЧОУЧИ Самӣ (Белгия)

90 кг
1. НЕЙМАН Маркус (Шведсия)
2. ХОЛМУРЗАЕВ Хусейн (Русия)
3. БАКЕР Машу (Япония)
3. ЗИЛКА Петер (Словакия)

100 кг
1. ЗАНКИШИЕВ Казбек (Россия)
2. КОТСОЕВ Зелим (Озарбойҷон)
3. МУКЕТЕ Даниел (Беларус)
3. СВИРИД Микита (Беларус)

+100 кг
1. ТУШИШВИЛИ Гурам (Гурҷистон)
2. ОЛТИБОЕВ Бекмурод (Ӯзбекистон)
3. ҲЕГЙИ Стефан (Австрия)
3. ХАММО Якив (Украина)

Сентябрь 24, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид