Дар Бадахшон бо иштироки муовини Сарвазир М.Зокирзода ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои идона роҳандозӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаҳои идона баргузор гардиданд. Дар онҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов иштирок намуданд.
Субҳи 6 сентябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар назди қабри Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур гул гузоштанд.
Сипас дар Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Хоруғи вилоят ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар ВМКБ иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомад муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов иштирок намуданд. Маҳмадтоҳир Зокирзода сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Ёдгор Файзов зикр кард, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар тӯли 28 соли Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил шудааст. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти автономӣ ба куллӣ тағйир ёфт.
«Мояи ифтихор ва хушбахтист, ки тақдири мамлакат ба дасти мардум аст ва ҳар як сокини он метавонад дар оромию шукуфоии сарзамини аҷдодии худ саҳм гузорад. Ҳамаи ҳамватанонро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як оилаи тоҷик хушбахтӣ, бунёдкорӣ ва шукуфоӣ таманно дорам», — афзуд Ёдгор Файзов.
Сипас аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни давлатӣ, собиқадорону намояндагони дигар бахшҳои ҷомеа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони ноҳияҳои гуногуни вилоят ва шаҳри Хоруғ пешниҳоди иштирокдорон гардид, ба ҷашн ҳусн бахшид.
Бо мақсади истиқболи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Хоруғ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлолият ташкил карда шуданд.
Ҳамчунин дар вилоят ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва дарки масъулияти ватандорӣ» баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазир Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва дигар намояндагони Ҳукумати мамлакат иштирок намуданд.
Дар конфронс муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят Абдураҳмон Аламшозода оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва пешрафт дар соҳаи ҳуқуқии мамлакат ибрози андеша намуд.
Дар конфронс инчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси вилоят Ёдгор Файзов ва олимону донишҷӯён баромад намуданд.
Инчунин ҳангоми сафари кории муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоҳир Зокирзода ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Хоруғ як меҳмонхонаи замонавӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нобобшо Ноибшоев ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомаҳои идона баргузор мешаванд.


















ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






