Дар Душанбе ҷаласаи 41-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин оғоз гардид

Сентябрь 17, 2019 15:02

ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 41-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он намояндагони ҳайатҳои расмӣ аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Ҷаласаро Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода оғоз намуда, иштирокдоронро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода зикр кард, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон геодезия рушд намуда, бо омӯзиши таҷрибаи кишварҳои тараққикарда ва истифода аз таҷрибаи олимону мутахассисони худӣ  ин соҳа  пеш рафт.

Зикр гардид, ки фаъолияти Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин  ба он нигаронида шудааст, ки фазои ягонаи геодезиро дар ҳудуди давлатҳои иштирокчӣ фаъол созад ва бо табодули таҷриба ва пешниҳодҳои мушаххас оид ба беҳсозии муайяннамоии харитавӣ, геодезӣ ва кадастр ба пешравиҳо ноил гардад.

Ҳамкории зич ва ҳалли якҷояи масъалаҳои мубрам дар самти геодезия ва харитасозӣ кафили рушди ҳамкории мутақобилан судманди ниҳодҳои геодезӣ  дар доираи ИДМ мебошад. Ин аст, ки таъсиси чунин як ниҳод дар фазои ИДМ имкон фароҳам овард, ки аз таҷрибаи якдигар истифода намуда, дар самти харитасозӣ ва кадастр ба пешравиҳои назаррас ноил гардем.

Ҳамкории тарафайн дар доираи ИДМ дар самти геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин сабаб мегардад, ки бо ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда, маълумоти маконӣ ва вазифаҳои татбиқшуда дар доираи Гурӯҳи корӣ шинос шуда,  вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда мушаххас гарданд.

Мубрамсозии бюллетени электронии тағйироти номҳои ҷуғрофии давлатҳои аъзои ИДМ, натиҷаи фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи «Луғати вожаҳои замонавӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, низоми иттилоотӣ, ҷуғрофӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин», ки дар ҷаласаи қаблӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, дар ин ҷаласа натиҷагирӣ ва қарорҳои марбута дар самти татбиқи онҳо қабул карда шуд.

Омодасозии мутахассисони соҳа ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо низ дар мадди назар қарор дошта, барои истифодаи технологияҳои фосилавӣ барои баланд бардоштани  тахассус ва аз нав омодасозии мутахассисон – иштирокчиёни давлатҳои ИДМ андешаҳои ҷолиб баён гардид.

Бо назардошти он, ки синни миёнаи харитасозон ва геодезистон 50 солро ташкил менамояд ва норасоии мутахассисон дар соҳа ба назар мерасад, ҷудо намудани квота барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои соҳавии кишварҳои узв, махсусан Федератсия Россия низ ибрози назар карда шуд.

Гуфта шуд, ки барои татбиқи амалии ин ҳама тадбир нақши иҷлосия назаррас буда, амалисозии инфрасохтори мушаххас дар самти таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ  сабаб мегардад, ки як системаи комили геодезӣ  байни давлатҳои ИДМ фароҳам оварда шавад ва ҳамчунин оид ба мубрамсозии тағйири номҳои ҷуғрофии объектҳо дар ҳудуди давлатҳоро мушаххас намояд.

Тавре зикр гардид, оид ба омодасозии кадрҳо ва ҳамчунин тақвият бахшидани хамкорӣ байни ниҳодҳои марбута низ тадбирҳои зарурӣ  амалӣ  карда мешаванд.

Ҳамкории тарафайн оид ба таҳияи меъёрҳои фаъолият рушди назарраси симметрӣ ва танзими хизматрасонии соҳавиро дар самти геодезия, харитасозӣ ва кадастри давлатҳои ИДМ таъмин менамояд.

Ин ҷаласа ҳамчунин имкони мусоид фароҳам овард, ки аъзои Шӯрои байнидавлатӣ тавонанд оид ба шароити беҳтарини инноватсионӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва низоми мушоҳидаи фосилавии Замин ва масоили гуногуни муҳими соҳа миёни ҳам мубодилаи афкор намоянд ва мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро ҳал созанд.

Ҷаласа ду рӯз идома ёфта, зимни он 11 масъала, аз ҷумла   оид ба амалисозии қарори ҷаласаи 40-уми Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин ва дастовардҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар ин соҳа, оид ба натиҷаи фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи лоиҳа дар бораи инфрасохтори маълумоти фаромиллӣ, оид ба фаъолияти гурӯҳи корӣ  дар хусуси системаи координат ва баландӣ давоми баргузории ҷаласа, оид ба натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ  дар самти номгузории ҷуғрофӣ ва мубрамсозии бюлеттени электронии тағйирдиҳии номҳои ҷуғрофӣ  дар ИДМ, оид ба фаъолияти Гурӯҳи корӣ  дар самти коркарди «Луғати истилоҳҳои муосир, ки дар соҳаи геодезия, харитасозӣ ва системаи маълумоти ҷуғрофӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин истифода мешаванд», оид ба фаъолияти ниҳоди базавии ИДМ-Донишгоҳи геодезия ва харитасозии Москва, оид ба натиҷаи фаъолияти Гурӯҳи корӣ   дар самти коркарди пешниҳод дар хусуси сертификатонӣ ва қонунигардонии фаъолият дар бозори меҳнати соҳавӣ  дар кишварҳои ИДМ ва ҳуҷҷатгузорӣ оид ба такмили  ихтисос дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин дар давраи то ин ҷаласа, оид ба натиҷаи фаъолияти Гурӯҳи корӣ  дар самти идораи маълумоти ҷуғрофӣ  дар давраи байни ҷаласаҳо,   табодули таҷрибаи пешқадам ва навоварӣ  дар соҳаи геодезия, харитасозӣ  кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин, оид ба интихоби Раиси Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин барои давраи соли 2020 ва санаи баргузории ҷаласаи 42-юм, қабули ҳуҷҷати ниҳоии Шӯрои 41-уми байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Бо мақсади шиносоии ҳайати меҳмонон бо зебоиҳои табиати Тоҷикистон ва маконҳои тамошобобу таърихӣ хатсайрҳои сайёҳӣ ва барномаҳои фарҳангӣ  низ дар назар дошта шудаанд.

Бояд гуфт, ки давоми таърих фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар самти омӯзиши замин, махсусан геодезия қадамҳои устувор гузоштаанд, ки то ба ҳол омӯзиши онҳо мавриди таваҷҷуҳи оламиён қарор дорад.  Абӯалӣ  ибни Сино, Ал-Бухорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ  ва дигарон дар рушду тақвияти ин соҳа саҳми назаррас гузоштаанд.

АМИТ «Ховар»,
Мавҷуда АНВАРӢ

 

 

Сентябрь 17, 2019 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти гумрук маҷлиси тантанавӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Тоҷикистон ба маъмурикунонӣ ва рақамикунонии соҳа мусоидат намуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Дар Женева таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷоя бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ЮНЕСКО оғоз гардид
ПАХТАКОРӢ. Чаро дар Тоҷикистон ҳамасола дар ин бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ нишондиҳандаҳо паст мешаванд?
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои беҳтарсозии вазъи иқтисодии Тоҷикистон қадами муҳим аст
Дар Душанбе доир ба рушди инноватсияи рақамӣ ҳамоиш доир гардид
Молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» ба намоиш гузошта шуд
Дар Женева масъалаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд
МОҲИЯТИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ. Номзади илмҳои иқтисодӣ ин мавзуъро шарҳ додааст
Дар Хуҷанд ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид