Дар Душанбе мулоқоти сатҳи баланди намояндагони Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи кор бо ҷавонон баргузор гардид

Сентябрь 21, 2019 12:27

ДУШАНБЕ, 21.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории аввалин Форуми ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон мулоқоти сатҳи баланди намояндагони ҳарду давлат дар соҳаи кор бо ҷавонон доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқоти мазкур ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат Аҳтам Абдуллозода ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Ҳиндустонро Навин Равот аз Вазорати ҷавонон ва варзиши ин кишвар роҳбарӣ намуданд.

Дар оғоз А. Абдуллозода меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам намуда, иброз дошт, ки амалишавии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самти кор бо ҷавонон дар пояи сиёсати оқилонаи Роҳбарони ҳарду давлат равона гардидааст.

Н. Равот барои пазироии гарму самимӣ ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ миннатдорӣ баён намуда, зикр намуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон барои таҳкими дӯстии ҷавонон ва табодули таҷрибаи онҳо заминагузорӣ менамояд.

Зимни мулоқот вобаста ба масъалаи таҳкими ҳамкории муштарак, ташкил ва ба роҳ мондани форуму конфронсҳо, ташкили чорабиниҳои гуногун ва табодули таҷриба миёни ҷавонони ҳарду кишвар ибрози назар карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки субҳи имрӯз қабл аз мулоқот ҳайати расмии ҷавонони Ҳиндустон дар майдони «Дӯстӣ» – и шаҳри Душанбе ҳамчун рамзи эҳтиром ба давлат ва миллати тоҷикон дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим ҳайати расмии ҷавонони Ҳиндустонро муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳамчунин имрӯз ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи «Шарафи олимпӣ»- и Кумитаи миллии олимпии мамлакат  дидан намуда, бо дастовардҳои олимпичиёни тоҷик ва таърихи варзиши миллати тоҷик аз наздик шинос гардид.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар он дастовардҳои варзишгарони тоҷик нигоҳ дошта мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки аз 21 то 27 сентябри соли 2019 дар Тоҷикистон аввалин Форуми ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон бо иштироки ҳайатҳои ҷавонони ҳарду давлат баргузор мегардад. Дар доираи баргузории Форуми мазкур силсилачорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, варзишӣ ва сайёҳӣ дар назар дошта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон бо вазорату идораҳои марбутаи дигар давлатҳои хориҷӣ густариш меёбад.

Сентябрь 21, 2019 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд