Дар Душанбе оид ба марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ҳамоиш доир гардид

Сентябрь 2, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 02.09.2019/АМИТ  «Ховар»/. Истиқлолияти  давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бузург ва сарнавиштсоз буда, он оғози давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад. Ин нукта дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе  дар мавзӯи   «Истиқлолияти  давлатии  Тоҷикистон  ва марҳилаи нави рушди  давлатдории миллӣ»  бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иброз гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзияи Саид иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва таҳлилгарон иштирок дошта, масъалаҳои марбут ба таҳкими  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушди давлатдории миллӣ дар фазои  ташаккули низоми  нави ҷаҳонӣ  ва дигар масъалаҳои  марбут ба рушди  устувори  давлати миллӣ  дар замони муосирро баррасӣ  намуданд.

 Дар назди иштирокдорони ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар  Қодирзода, вакили Маҷлиси  намояндагон  Қиёмиддин Миралиён, директори  Маркази   исломшиносии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло  Баротзода ва  намояндагони дигар ниҳодҳои давлатӣ  роҷеъ ба  ҷойгоҳи   Истиқлолияти давлатӣ  дар рушди  арзишҳои   демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти   давлатӣ  ва масъалаҳои ҳувияти   динӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифз ва таҳкими  ваҳдати миллӣ  дар партави Истиқлолияти давлатӣ   сухан карданд.

Зикр шуд, ки бо соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои бузург ноил гардид, аз ҷумла дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил гардидан ба   истиқлолияти энергетикӣ,  таъмини  амнияти озуқаворӣ  ва саноатикунонии мамлакат, ки имрӯзҳо босуръат идома дорад. Инчунин дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ  таҳти сарварии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  чандин иқдомҳои  ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи  байналмилалӣ, хусусан дар масъалаи об пазируфта шуда, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Бо дахли ҳифз ва таҳкими ваҳдати  миллӣ иштирокдорони ҳамоиш зикр карданд, ки дар шароити муосири  ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ зиракии сиёсиро набояд аз даст дод ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳамчун гавҳараки  чашм эҳтиёт бояд кард. Ҳамчунин иштирокдорони  ҳамоиш роҷеъ ба дигар паҳлуҳои таҳкими  Истиқолияти давлатӣ ва давлатдории  миллӣ табодули назар намуданд.

Сентябрь 2, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»