ЭҲТИЁҶ БА МУТОЛИАЮ ДОНИШ ҲАМЕШАГИСТ. Муҳаббат ва майл ба китобро ҳанӯз аз кӯдакистон дар ниҳоди хурдсолон бояд парвариш дод

Сентябрь 22, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 22.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре  ҳамагон огоҳӣ доранд,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади  ҳидояти    насли наврас  ҷиҳати рӯ овардан ба хазинаи маърифат — китоб  Озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ» эълон карданд. Дар робита ба ин мавзӯъ  хабанигори ҷамоатии мо  аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Фирдавс УМАРОВ  бо  намояндагони касбу кори гуногун  ҳамсуҳбат гардид ва ба чунин хулоса расид:   

Мояи фараҳмандист, ки   дар доираи баргузории  Озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ» дар мамлакат  барномаҳои  рангоранги маърифатӣ — фарҳангӣ доир ба ташвиқи китоб ва китобхонӣ баргузор гардида, мушоҳида мегардад, ки рӯз то рӯз таваҷҷуҳи  насли наврас ба мутолиа зиёд мешавад.

Дар ҳақиқат ҳам, ба гуфти  шоири адабиёти клласики тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ  «Аниси кунҷи танҳоӣ  ва фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».  Маҳз мутолиаи китоб моро  ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Нависандаи машҳури доғистонӣ Расул Ғамзатов китобро сарчашмаи худшиносӣ унвон намуда, таъкид доштааст, ки «барои худшиносӣ китоб зарур аст. Барои шинохти дигарон ҳам китоб муҳим аст. Халқи бекитоб ба одами нобино монанд аст, ки зебоии дунёро дарк  карда наметавонад».

Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки имрўзҳо баъзе аз наврасону ҷавонон аз мутолиаи китоб дур шуда,  худро  аз ин олами маънӣ бенасиб мондаанд.

Коршиносон сабаби аслии дур мондани ҷавононро аз китобхонӣ дар пайдо шудани интернет ва беназоратии волидайн  медонанд. Бояд гуфт, ки  аз як тараф хуб аст, ки ҷавонон  бо истифода аз  технологияи нав ва  тавассути интернет  иттилооти зиёди муфид гирифта,  ҷаҳонбинии худро васеъ мегардонанд. Аммо то куҷо онҳо интернетро ба нафъи худ истифода мекунанд, паҳлӯи дигари ин масъала аст, ки таҳқиқ мехоҳад.

Бо мақсади огоҳии бештар  пайдо намудан дар ин мавзӯъ  бо чандин нафар ҷавонони донишҷӯ ҳамсуҳбат гардидем. Аз ҷумла, зимни ин суҳбатҳо  донишҷў Т. Раҳматов иброз дошт, ки «ман аз хурдиям ба  китобхонӣ майл  надоштам. Он бароям кори басо  мушкилу дилгиркунанда  менамояд. То ҳол ягон китоби бадеӣ мутолиа накардаам. Бештар ба соҳибкорӣ таваҷҷуҳ дорам. Ба донишгоҳ барои хондан не, барои ба хизмати ҳарбӣ нарафтан дохил шудам».

Ин донишҷӯ ба суоли банда дар бораи дар хонаашон мавҷуд будани китобҳои бадеӣ ва умуман китоб  чунин посух дод: «Ман ёд надорам, ки падарам ё модарам ба ман китоб харида, ё туҳфа карда бошанд. Онҳо бароям бештар велосипед ё либос  туҳфа мекарданд. Шояд агар аз кӯдакӣ  бо китоб ошноям мекарданд, онро дӯст медоштам».

Доктори илми филологӣ, профессор Олим Хоҷамуродов  роҷеъ ба ин масъала  иброз доштааст: «Боиси таассуф аст, ки дар ду даҳаи охир дар ҷомеаи мо касодии савод эҳсос карда мешавад. Ин ҳама натиҷаи аз  китобхонӣ дур мондани одамон, бахусус насли наврас аст. Барои китобхон  шудани ҷавонон мо бояд аз хурдӣ онҳоро дар ин муҳит тарбия намоем. Чӣ ҷои шиква аз насли наврас, ки дар хонаи бисёре аз мо ҳама ашё ба ҷуз китоб ҳаст. Кӯдак аз овони хурдсолӣ дар тақлид ба калонсолон  ба китобхонӣ  майл ва  муҳаббат пайдо менамояд. Бо вуҷуди он, ки  имрӯзҳо   воситаҳои электронӣ  мавҷуданду бисёр чизҳоро мухтасар пешниҳод менамоянд ва хондани онҳоро имконпазир мегардонанд, аммо мутолиаи китоби коғазӣ  тамоман дигар аст».

«Баъзе донишҷўён  тамоман таваҷҷуҳ ба китобхонӣ надоранд. Муҳаббат ва завқи китобро дар дили насли наврас   аз муассисаҳои томактабӣ бояд парвариш  кард. Мураббиёни кӯдакистонҳо ва   омўзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  вазифадоранд, ки таваҷҷуҳи  хонандагонро ба китобхонӣ ҷалб намоянд. Мутаассифона, ҳарчанд  дар мактабҳои мо беҳтарин китобхонаҳо мавҷуданд, аммо  аҳён-аҳён мутолиагаронро дар онҳо мебинем. Падару модарон низ дар ин масъала беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Аввал ин ки худи онҳо бояд дар ин кор намуна барои пайвандон  бошанд. Зеро инсон тамоми умр ба мутолиаи китоб эҳтиёҷ дорад», -гуфт  мудири китобхонаи ДДБ  ба номи Носири Хусрав  Холмоҳ Ҳасанова.

Ба қавли Х. Ҳасанова, ба китобхонӣ ҷалб нашудани ҷавонон омилҳои зиёд дорад. Номбурда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳатто ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки баъзе аз волидайн  ба ҷойи фарзанди  худро ба китобхонӣ ҳидоят намудан, баъзан  ба онҳо мегӯянд: «хондагиҳо чӣ шуданд, рав фалон кори  музднокро кун, беҳтар аст». Албатта, чунин муносибати онҳо ба рӯҳияи фарзандон бетаъсир намемонад. Дар чунин сурат мо набояд китобхон шудани  насли наврасро  интизор шавем.

«Дар бисёр ҳолатҳо наврасон  вақти худро ба тамошои намоишҳои ғайритарбиявӣ дар марказҳои дилхушӣ  сарф мекунанд. Дигар ин ки ҷавонони мо дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол нестанд. Ҳатто, забондонии онҳо дар дараҷаи ниҳоят паст қорор дорад, ки натиҷаи аз китобхонӣ дур мондани онҳост»,  — иброз намуд  омўзгори ин донишгоҳ  Саид Муродов.

Роҷеъ ба ин масъала адиб Додохони Эгамзод бо изҳори нигаронӣ таъкид дошт, ки ҳамагон  аз мутолиа дур мондани насли наврасро ба  волидону омўзгорон  рабт медиҳанд. «Ноширон низ бояд  китоби хонданбобро  бо теъдоди бештар  чоп кунанд. Ҳангоми чопи китобҳо  салиқа ва завқи хонандагони имрӯзаро  ба инобат гиранд. Китобҳои  ҷолибу хонданбоб бояд бештар ташвиқ  ва дастраси дӯстдорони мутолиа гарданд. Хусусан барои хурдсолон, яъне адабиёти бачагонаро бояд бо сифат ва мазмуни баланд чоп намоянд»,-мегӯяд мавсуф.

«Имрӯз бояд  мо тамоми воситаҳои муассирро ба кор барем, то  наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб дилгарм ва аз ашъори гузаштагони миллати тоҷик, чун Рўдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Ҳофизу Саъдӣ ва даҳҳо тани дигар бархўрдор бошанд. Бояд талош намуд, то  онҳо дарк намоянд, ки китоб  воқеан ҳам беҳтарин рафиқ, ҳамнишин ва ҳамроз аст», — афзуд номбурда.

Коршиноси ин масоил Бахтиёр Нозимов сабаби китоб нахондани ҷавононро ба истифодаи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ алоқаманд медонад. Ба гуфти ў, ҷавонон баҳона пеш меоранд, ки  гўё онҳо аз шабакаҳои интернетӣ маводи таълимиро мехонанд, аммо таҷриба ва мушоҳидаҳо  акси онро  нишон медиҳанд. Бештари ин ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ  аз маводе истифода мекунанд, ки аз онҳо на танҳо  ғизои маънавӣ намебардоранд, балки фаҳшу зӯроварӣ  ва дигар амалҳои номатлуб  ба маънавиёташон таъсири манфӣ мерасонанд.

«Хуб мешуд, ки  волидайн ва омӯзгорон  дар ин масъала назоратро пурзӯр намуда, наврасонро барои  ба китобхонаҳо аъзо шудан ҳидоят намуда, барои дарёфт  ва пайваста  мутолиа намудани китобҳои бадеӣ кумак  намоянд. Зеро барои китобхону китобдўст шудани ҷавонон, бояд корро аз овони  хурдсолӣ, аз кӯдакистонҳо  оғоз кард, то онҳо  дар ҳамин рӯҳия ташаккул ёфта, ба воя расанд. Агар ин корро мо дуруст анҷом диҳем, пас аз гузашти солҳо ҷавонони китобхон пайдо хоҳем кард. Чунки дар илми равоншиносӣ исбот гардидааст, ки шавқу рағбат ирсӣ нест, балки онро ташаккул додан мумкин аст», — таъкид намуд коршиноси дигари ин масоил  Иброҳими Саиднуриддин.

Ба гуфти  И. Саиднуриддин,  «агар волидайн худ боре ба даст китоб нагиранд,  падар  ба тамошои  футболу модар ба тамошои  силсилафилмҳо машғул шаваду кӯдакро  ба ҳоли худ монанд, аз ӯ  чӣ гуна китобхон ба воя мерасад? Яъне барои китобхон шудани наврасону ҷавонон нақши волидайн, омўзгор ва ҷомеа  аҳамияти муҳим дорад. Китобдорони китобхонаҳо бояд беҳтарин мутахассисони соҳа буда, маҳорати ба китобхонӣ ҷалб намудани мактабиёнро дошта бошанд, зеро  дар ин раванд нақши онҳо ҳам ниҳоят калон буда метавонад».

Ба иддаои ин коршинос, омили асосие, ки  насли наврасро  аз китобхонӣ дур кардааст, ин шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Агар ба ҷавонон муҳаббати китобхониро омўхта бошем, дар ин сурат онҳо тавассути интернет китоб мехонанд. Аммо нафаре, ки ҳоло ба он дараҷа нарасидааст, дар  «Вотсапп», «Фейсбук», «Инстаграм» ва даҳҳо шабакаҳои иҷтимоӣ  вақти худро ба суҳбатҳои  нозарур ва корҳои беҳуда  сарф менамоянд.

Ба ин хотир наврасон ва ҷавонон бояд дар истифодаи ин воситаҳо  таҳти назорати ҷиддӣ бошанд, то вақташонро ба китобхонӣ сарф намуда, аз он ғизои маънавӣ бардоштанро омӯзанд.

Сентябрь 22, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Беларус Рӯзи синамои Тоҷикистон баргузор гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД». Дар Тоҷикистон фестивали байналмилалии рақс доир мешавад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Киҳо метавонанд дар ин озмун иштирок намоянд?
«Дафтари Порис» дар Муассисаи фарҳангии ЭКО рӯнамоӣ шуд
ТЕАТР-ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ театри тоҷик мустақил гардид
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Пагоҳ дар Душанбе даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Давлати Кувайт тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2024» муайян шуданд
Тоҷикистон соли 2027 мизбони Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб даври вилоятии Фестивали «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон» баргузор гардид