Эмин Сангинзода: «Дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид шуда, Ватани худро обод гардонем!

Сентябрь 2, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 02.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳли ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон  пайдо намуд. Дар ин робита муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмин САНГИНЗОДА   ба АМИТ «Ховар» ибрози андеша намуд. Номбурда чунин изҳор дошт:

-Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тибқи он дар тамоми муассисаҳои таълимии системаи вазорат корҳои ташвиқотиро пурзӯр гардонида, аз ҷумла дар масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо донишҷуён суҳбату вохӯриҳо баргузор менамояд.

Воқеан ҳам барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мояи ифтихор ва  шукргузорӣ аст, ки имрӯз дар мамлакати  орому осоишта умр ба сар бурда, ҳар саҳар  бо хотири  ҷамъ  ба сӯи коргоҳ роҳ пеш мегиранд ва бо орзую омоли  зиёд  ҷигарбандони худро  ба  кӯдакистону дабистонҳо гусел мекунанд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастоварди таърихии халқи тоҷик мебошад, зеро ба шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншооти хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшиданд, роҳу пулҳо бунёд карда, давлатро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшиданд ва Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил доданд, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шабонарӯзӣ кор карданд ва дар натиҷа ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуданд».

Сарвари давлат дар ин суханронӣ ҳамчунин таъкид намуданд, ки «бо вуҷуди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, то ки камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем, Ватани худро обод гардонем ва бо истифодаи самараноки тамоми захираву имкониятҳо рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем».

Тавре Президенти мамлакат таъкид намуданд,  «Мо бояд зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, яъне дар ғафлат намонем, кишвар ва мардуми худро аз таъсири хатарҳои замони имрӯза эмин нигоҳ дорем, барои ҳифзи давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, инчунин забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои миллӣ ҳамеша омода бошем. Мо бояд ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, радикализми динӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, хариду фурӯши одамон, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар омилҳои хатарзо, ки ба сулҳу суботи ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо таҳдид менамоянд, мубориза барем».

Ҳар яки моро зарур аст, ки ин дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакатро ба ҷо оварда, дар атрофи Пешвои муаззами худ боз ҳам муттаҳид шавем ва  дар шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳм гузорем!

Сентябрь 2, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»