Имрӯз — Иди касбии мошинсозон. Ин соҳа дар Тоҷикистон рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 29.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола якшанбеи охири моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ Иди касбии мошинсозон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо масъулини соҳаи мазкур доир ба вазъи имрӯзи соҳаи мошинсозӣ ва дурнамои он дар ҷумҳурӣ ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи он пешкаши хонандагон мегардад.
Тавре аён аст, аз фаъолияти самараноки кормандони соҳаи мошинсозӣ, рушди корхонаҳои ин соҳа, сатҳи тараққиёт ва сифати таҷҳизоти истеҳсолнамудаи онҳо пешрафти соҳаҳои дигари иқтисодиёти ҳар кишвар вобастагии калон дорад. Дар Тоҷикистон раванди рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, идома додани татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар бахшҳои афзалиятноки он, хусусан саноат, бунёд ва ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар асоси технологияи муосир бо коркарди бештари ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир минбаъд низ ҳадафи асосию афзалиятноки соҳаи мошинсозӣ ҳисобида мешавад.
Тибқи иттилои масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия дар якҷоягӣ бо корхонаҳои соҳавӣ дар моҳи августи соли 2019 ба маблағи 187,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Тибқи ин нишондод, онҳо суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро назар ба моҳи августи соли 2018 126,4% таъмин намудаанд. Аз ин муқоисакунӣ бармеояд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот назар ба моҳи августи соли 2018 ба маблағи 39,2 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.
Дар 8 моҳи соли равон бошад, корхонаҳои соҳа дар маҷмӯъ ба маблағи 1173,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 142,1 млн. сомонӣ зиёд аст.
Мавриди зикр аст, ки марҳилаи аввали корхонаи ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор моҳи майи соли 2018 ва марҳилаи дуюми он, яъне ба пуррагӣ моҳи сентябри соли 2018 расман бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди истифода қарор дода шуд, ки бо ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ба васлу насби тракторҳо ва мошинолоти истеҳсоли Беларус машғул мебошад.
Дар 8 моҳи соли 2019, корхона ба маблағи 15,6 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст (8 моҳи соли 2018, 9,2 млн сомонӣ). Дар ин давра 86 адад трактори тамғаҳои «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х», 32 адад тойбанд 18 адад ядак (прицеп) ва 2 адад экскаватори тамғаи ЭО -2621 васлу насб карда шудаанд.
Аз тарафи ҶСП «Агротехсервис» моҳи декабри соли 2018 аввалин маротиба 8 адад тракторҳо ба Ҷумҳурии Ўзбекистон тариқи мошинҳои боркаш интиқол дода шуд, ки аз ин шумора 4 адади он тракторҳои тамғаи «Беларус 82.1» ва 4 адади дигар трактори сечархаи тамғаи «Беларус 80Х» мебошанд.
Дар 8 моҳи соли равон корхона ба Ҷумҳурии Ўзбекистон 12 адад- 8 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 80Х» барои коркарди байни қаторҳои пахта ва 4 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 82.1» содирот намуд.
Зимни ба фаъолият шурӯъ намудани корхона 60 ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд. Айни замон дар корхона 49 нафар коргарон фаъолият дошта, иқтидори истеҳсолии солонаи он 1700 адад трактор ва мошинолоти кишоварзӣ мебошад.
Инчунин бо иштироки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли автобуси тамғаи «Акия» дар шаҳри Душанбе 14 феврали соли 2018 ва марҳилаи дуюми он 19 марти соли 2019 мавриди истифода қарор дода шуд.
Истеҳсоли автобусҳои мусофиркаши тамғаи «Акия» аз тарафи корхонаи муштараки тоҷикию-туркӣ «Акия Авесто Автоматив Индастри» ба роҳ монда шуда, иқтидори солонаи истеҳсоли корхонаи мазкур аз 250 то 300 автобус мебошад.
Аз оғози фаъолияташ корхонаи мазкур 162 адад автобусро васлу насб намуда ба истифода додааст.
15 августи соли равон бори аввал ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро, ки истеҳсоли ватанӣ маҳсуб мешаванд, ба корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе барои хизматрасонӣ ба мусофирон ирсол намуд. Дар назар дошта шудааст, ки дар корхонаи мазкур марҳила ба марҳила истеҳсоли микроавтобус ва мошинҳои боркаш низ ба роҳ монда мешавад.
Дар маросими расмии интиқоли автобусҳо масъулин зикр карданд, ки корхонаи мазкур тибқи фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то охири соли равон боз 90 автобуси дигар истеҳсол намуда, ба корхонаҳои мусофиркашонии пойтахт интиқол медиҳад. Бояд зикр кард, ки дар баробари истеҳсол додани муҳлати кафолатӣ ва хизматрасонии касбӣ аз ҷониби ширкат пешбинӣ гардидааст.
Дар мавриди пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаи муштарак дар инҷо дар як сол то 300 адад автобус истеҳсол гардида, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои бунёд ва ба роҳ мондани хатти истеҳсоли воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар 100 млн. сомониро дар бар мегирад.
Дар корхонаи мазкур 6 хатти истеҳсолӣ мавҷуд аст: хатти кафшергарӣ, таҳрангмолӣ ва рӯпӯшкунӣ, рангуборкунӣ, басту банди механикию электрикӣ ва назорати ниҳоии сифат. Ҳар як хатти истеҳсолӣ бо технологияҳои пешрафта ва муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар айни замон шумораи зиёди автобусҳои таҳвилёфта ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ бандубастгардида дар хатсайрҳо ба хизматрасонии ҳамлу нақли сокинон ва меҳмонони пойтахт равона гардидааст.
Автобусҳои бандубастшуда ва истеҳсолшаванда мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии «Евро 5», дорои муҳаррики ширкати бонуфузи «Мерседес Бенз» ва ширкати немисии «Zahnrad Fabrik», инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётӣ ва васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ харидорӣ карда мешаванд.
Тибқи нақша, дар назар дошта шудааст, ки марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар истеҳсол карда шавад. Дар мадди аввал автобуси дохилишаҳрӣ бо дарозии 12 метр ва бо ғунҷоиши 98 ҷой- 26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст истеҳсол мегардад.
Яке аз хусусиятҳои рақобатнокии автобусҳои истеҳсолшаванда он аст, ки ҳамаи моделҳои автобуси тамғаи «Акиа» бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол карда мешаванд. Автобусҳо бо 5 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда, таҷҳизоти гармиву хунукидиҳанда муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли бароҳати мусофирон хизмат мерасонанд.
Ширкат дар 8 моҳи соли 2019 58 адад автобусро васлу насб намуда, ба фурўш баровардааст.
Айни замон нархи як адад автобуси тамғаи «АКИА»-и истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад.
АМИТ «Ховар»,
Мавҷуда АНВАРӢ