Иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ операи «Иоланта»-ро тамошо карданд
ДУШАНБЕ, 19.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 18 сентябр иштирокчиёни он ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бо фаъолияти ин боргоҳи ҳунар шинос шуданд.
Меҳмононро дар саҳни театр бо садои карнай самимона истиқбол гирифтанд. Роҳбарияти театр ба меҳмонон дар бораи фаъолияти Театри давлатии академии опера ва балет маълумот доданд. Баъд аз тамошои гӯшаҳои алоҳидаи театр ба ҳайати меҳмонон яке аз спектаклҳои ҷаҳонӣ-операи «Иоланта»-и Пётр Чайковский пешкаш карда шуд, ки ба ҳозирин хеле хуш омад.
Операи «Иоланта» аз ду парда иборат буда, дар он аксари ҳунармандони таҷрибадору ҷавони театр нақш меофаранд. Ҳодисаҳои асар дар мавзеъҳои кӯҳии қисмати ҷанубии Франсия дар асри 15 сурат мегиранд. Мавзӯи ин намоиш ишқу муҳаббат ва садоқату вафодорӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бори дуюм аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, масъалаи омодасозии мутахассисони соҳаи фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар кори ҷаласа ба соҳаи театр низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Ҳамин гуна қарор карда шуд, ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ моҳи октябри соли равон бо барномаи фарҳангӣ ба шаҳри Самарқанд сафар намояд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ оғоз бахшид ва дар ҷараёни он шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 эълон гардид.










Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






