JICA дар Душанбе ду зеристгоҳи барқиро бунёд ва таҷдид менамояд
ДУШАНБЕ, 21.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки моҳи ноябри соли равон Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» дар Тоҷикистон дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар шаҳри Душанбе ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода диҳад. Дар ин росто, намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои «Лоиҳаи беҳтаргардонии зеристгоҳҳои барқӣ дар шаҳри Душанбе» пресс-тур ташкил кард, ки ҳадафаш шиносоии намояндагони ВАО бо фаъолият ва лоиҳаҳои JICA дар соҳаи энергетика дар Тоҷикистон мебошад.
Қабл аз пресс-тур Роҳбари намояндагии JICA Ҳидеке Танабе зимни брифинги матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ доир ба ҷараёни татбиқи «Лоиҳаи беҳтаргардонии зеристгоҳҳои барқӣ дар Душанбе сухан карда, гуфт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ва таъмини эҳтиёҷоти сокинони шаҳри Душанбе бо неруи барқ мусоидат менамояд.
Зикр шуд, ки созишномаи грантии лоиҳаи мазкур 30 июни соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва JICA ба маблағи 2,190 миллион иени японӣ, муодил ба 20 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати японии Нишизава таҳти роҳбарии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида истодааст. Дар доираи шартномаи грантӣ дар солҳои 2018-2019 сохтмони зеристгоҳи барқии «Радиостансия» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва «Промышленная» дар ноҳияи Сино бунёд ва навсозӣ мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки таҷҳизоти асосии барқӣ, аз қабили трансформаторҳо, тақсимкунакҳои барқӣ барои зеристгоҳҳои зикршуда аз ҷониби ширкати машҳури японии «Тошиба» истеҳсол гардидаанд.
Интизор меравад, ки баъди анҷоми лоиҳаи мазкур сокинони ду ноҳияи пойтахт –Исмоили Сомонӣ ва Сино, инчунин соҳаи саноат ва иншооти иҷтимоии шаҳр бо неруи барқи устувори доимӣ таъмин гардида, дараҷаи сербории зеристгоҳҳои амалкунада ба таври назаррас кам мегардад.
Намояндагони расонаҳои хабарӣ зимни пресс-тур бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳҳои «Радиостансия» ва «Промышленная» шинос гардида, бо мутахассисони маҳаллӣ ва японӣ суҳбат намуданд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари намояндагии JICA Ҳидеке Танабе гуфт: «Татбиқи «Лоиҳаи беҳтаргардонии зеристгоҳҳои барқӣ дар шаҳри Душанбе» яке аз лоиҳаҳои аввалини JICA дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон буда, ҳадафаш рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ мебошад».
Дар ду зерситгоҳ, ки аз ҷониби JICA бунёд ва барқарор карда мешаванд, 50 нафар коргарони маҳаллӣ, инчунин мутахассиони японӣ фаъолият доранд. Дар мавриди ба истифода додани зеристгоҳи «Радиостансия» 30 фоиз ва саноатӣ- «Промышленная» 58 фоизи эҳтиёҷоти аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии пойтахт бо неруи барқ таъмин мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки зеристгоҳи барқии «Промышленная», ки соли 1976 бунёд гардидааст ва алҳол аз ҷониби JICA бо технологияи муосир таҷдид мегардад, дар рушди соҳаи саноати пойтахт нақши муассир мегузорад.
Мусаллам аст, ки JICA ҳамкории техникии худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 бо даъват намудани хизматчиёни давлатӣ бо мақсади донишомӯзӣ дар Япония ва аз худ намудани таҷрибаи Япония оид ба рушди идоракунии давлат ва рушди соҳаи макроиқтисодӣ шуруъ намуд. Шумораи умумии иштирокчиёни Барномаи курсҳои омӯзишӣ аз Тоҷикистон, ки расман ҳамчун курсҳои омӯзиши JICA эътироф гардидааст, соли 2018 ба 2200 нафар расидааст. Дафтари намояндагии JICA дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба фаъолият оғоз карда, то имрӯз лоиҳаҳои гуногуни бебозгашт ва техникиро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои таъмини оби нӯшокии бехатар, ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия ва энергетика, барномаҳо оид ба идоракунии сарҳад ва рушди иқтидор амалӣ намудааст. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон JICA 37 лоиҳаро амалӣ гардонид, ки 82 миллион доллари амрикоии он кумаки техникӣ буда, беш аз 305 миллион долларро кумаки бебозгашт ташкил медиҳад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»















Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид






